БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) омӯзгор – шахси дорои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки
дар муассисаҳои таълимӣ ба таълиму тарбия машғул мебошад;
2) мақоми омӯзгор – вазъи ҳуқуқӣ, шаъну шараф, таъминоти
иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор дар
ҷомеа;
3) омодасозии омӯзгор – раванди тайёркунӣ, такмили
ихтисос, бозомӯзӣ ва аттестатсияи омӯзгор;
4) бозомӯзӣ - таҳсилоти баъдидипломӣ, ки бо мақсади
азхудкунии ихтисоси нав гузаронда мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи
мақоми омӯзгор
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми омӯзгор ба
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар
санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии
байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат
мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои Қонуни мазкур
Қонуни мазкур ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) қонуният;
2) инсондӯстӣ;
3) ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии омӯзгор;
4) мунтазам баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгор;
5) таъмини ҳифзи иҷтимоии омӯзгор;
6) ҳамкории омӯзгор бо падару модар (шахсони онҳоро
ивазкунанда) дар раванди таълиму тарбия;
7) дахолат накардан ба фаъолияти касбии омӯзгор;
8) манъи ҷалби омӯзгор ба корҳое, ки бо раванди таълиму
тарбия алоқаманд нестанд;
9) манъи санҷиш ва назорати ғайрисоҳавии фаъолияти
омӯзгор.
БОБИ 2. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ОМӮЗГОР
Моддаи 4. Дахлнопазирӣ ва ҳифзи шаъну шарафи
омӯзгор
1. Шаъну шарафи омӯзгор дахлнопазир аст.
2. Шаъну шарафи омӯзгор аз ҷониби давлат ҳифз карда
мешаванд.
3. Амалҳое, ки бевосита ё бавосита ба паст задани шаъну
шарафи омӯзгор равона шудаанд, манъ аст.
Моддаи 5. Ҳуқуқҳои омӯзгор
Омӯзгор ҳангоми иҷрои фаъолияти касбӣ ҳуқуқ дорад:
1) аз роҳбарияти муассисаи таълимӣ барои иҷрои фаъолияти
омӯзгорӣ таъмини шароити заруриро талаб намояд;
2) муносибати эҳтиромонаро нисбат ба касби худ аз ҷониби
таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда)
талаб намояд;
3) шакл ва усулҳои таълимро тибқи стандартҳои давлатии
таҳсилот интихоб намояд;
4) дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва маводи
дигари таълимӣ иштирок намояд;
5) бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ озмоишҳои
илмию педагогӣ гузаронида, таҷрибаи пешқадамро дар амал татбиқ
намояд;
6) дониш, малака ва маҳорати таълимгирандагонро дар
раванди таълиму тарбия мустақилона ва воқеъбинона баҳодиҳӣ намояд;
7) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рухсатии
меҳнатӣ барояд;
8) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ
гузарад;
9) барои навовариҳои эҷодӣ ва ихтироъкорӣ дар фаъолияти
таълимӣ ҳавасманд гардонида шавад;
10) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ машғул
шавад;
11) дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ хизмати ҳарбии ҳатмии
муҳлатнокро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъхир гузорад;
12) дар шароити муассисаҳои таълимӣ ва ё хона ба фаъолияти
инфиродии омӯзгорӣ машғул шавад;
13) барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои касбӣ мутобиқи
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон узви иттифоқи касабаи кормандони
соҳа бошад;
14) дар кори идоракунии муассисаи таълимӣ, аз ҷумла
фаъолияти кори шуроҳо ва комиссияҳо, иштирок намояд;
15) ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
16) шахсонеро, ки ба раванди таълиму тарбия дахл надоранд,
ба дарс роҳ надиҳад;
17) ҳангоми расидан ба синни нафақа дар сурати хоҳиш
доштан фаъолияти омӯзгориро идома диҳад;
18) аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд.
Моддаи 6. Уҳдадориҳои омӯзгор
Омӯзгор уҳдадор аст:
1) раванди таълиму тарбияро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба роҳ монад;
2) ба амалҳое, ки шаъну шарафи омӯзгорро дар ҷомеа паст
мезананд, роҳ надиҳад;
3) таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун,
эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, атрофиён,
насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти
миллӣ тарбия намояд;
4) шаъну шарафи таълимгирандагон ва падару модари онҳо
(шахсони онҳоро ивазкунанда)-ро эҳтиром намояд;
5) барои баланд бардоштани сифати таҳсилот тадбирҳои
зарурӣ андешад;
6) дар фаъолияти меҳнатӣ қоидаҳои пӯшидани либосҳои
тавсияшударо риоя намояд;
7) дар раванди таълиму тарбия ба тарғибу ташвиқи ҳизбу
ҳаракатҳои сиёсӣ роҳ надиҳад ва таълимгирандагонро ба азхудкунии
ғояҳои сиёсию динӣ водор накунад;
8) бо таълимгирандагон, қатъи назар аз миллат, нажод,
ҷинс, забон, эътиқоди динӣ ва вазъи иҷтимоӣ, муносибати беғаразона
намояд;
9) аз таълимгиранда барои таҳсил, таъмири биноҳои
муассисаи таълимӣ, обуна ба нашрияҳо, гузаронидани дарсҳои кушод,
зодрӯзи омӯзгор, занги камолот, рӯзи омӯзгор, аттестатсияи аз синф ба
синф гузаронидан ва хатм, театр, кино, корҳои ободонӣ, харидани
маводи таълимӣ, методӣ, аёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти
дигари таълимӣ маблағ талаб накунад;
10) ҳангоми баҳодиҳии сифати таҳсилот меъёри баҳогузориро
риоя намояд;
11) уҳдадориҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.
Моддаи 7. Маҳдудиятҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ
Фаъолияти омӯзгории шахсони зерин маҳдуд карда мешавад:
1) шахсоне, ки тибқи санади судӣ аз ҳуқуқи машғул шудан ба
фаъолияти омӯзгорӣ якумра ё барои давраи муайян маҳрум гардидаанд;
2) шахсоне, ки тибқи хулосаи тиббӣ дорои бемориҳои руҳӣ ё
равонӣ мебошанд;
3) шахсоне, ки воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ,
прекурсорҳо ва ҳаммонанди (аналоги) онҳоро истеъмол мекунанд;
4) шахсоне, ки ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии
ҷинсӣ ҷиноят содир кардаанд;
5) шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти хусусияти
террористӣ ва экстремистидошта, дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан
вазнин маҳкум шудаанд;
6) шахсони гирифтори бемориҳое, ки номгӯйи онҳо аз тарафи
мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолӣ тасдиқ карда шудааст.
БОБИ 3. КАФОЛАТҲО ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ
ОМӮЗГОР
Моддаи 8. Кафолатҳо барои омӯзгор
1. Ба омӯзгор аз ҷониби давлат фаъолияти озоди касбӣ кафолат
дода мешавад. Муассисаи таълимӣ ба омӯзгор барои гузаронидани раванди
таълиму тарбия шароити зарурӣ фароҳам меоварад. Омӯзгор бо маводи
таълимӣ, методӣ, аёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари
таълимӣ таъмин карда мешавад.
2. Ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор таҳти ҳимояи давлат қарор
доранд. Ҷалб кардани омӯзгор ба кору намудҳои фаъолияте, ки ба
раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд, манъ аст. Фаъолияти касбии
омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф
ва илм, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати соҳаи маориф ва
илм мавриди санҷиш ва назорат қарор дода мешавад.
3. Давлат барои ҳифзи саломатии омӯзгор чораҳои зарурӣ
меандешад. Омӯзгор аз муоинаи тиббӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар муассисаҳои
тиббии давлатӣ бо хизматрасониҳои солимгардонӣ фаро гирифта мешавад.
4. Давлат ба омӯзгороне, ки дар деҳот фаъолият мекунанд,
ташкили шароити заруриро кафолат медиҳад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар доираи имкониятҳои буҷети
маҳаллӣ ҷиҳати бо манзили истиқоматӣ ва иҷораи манзили истиқоматӣ
таъмин намудани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои
заруриро пешбинӣ карда, барои ба онҳо бе навбат ҷудо намудани қитъаи
замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ чораандешӣ намоянд.
5. Омӯзгорони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти
умумӣ аз пардохти андози қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки
барои сохтмони манзил ба онҳо ҷудо карда шудаанд, озод мебошанд.
6. Пардохти музди меҳнат ва пардохти маблағи рухсатиҳои
меҳнатӣ ба омӯзгор аз ҷониби давлат кафолат дода мешаванд.
Батаъхиргузории пардохти музди меҳнат ва пардохти маблағи рухсатиҳои
меҳнатии омӯзгор манъ аст. Аз музди меҳнати омӯзгор гирифтани маблағ
барои обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ, корҳои ободонӣ, чорабиниҳои
фарҳангӣ, харидани маводи таълимӣ, методӣ, аёниятҳо, воситаҳои
техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ манъ аст.
7. Хароҷоти роҳкирои омӯзгорон барои гузаштани курсҳои
такмили ихтисос ва сафарҳои хизматии дигари берун аз воҳиди маъмурию
ҳудудӣ аз ҷониби муассисаи таълимӣ пардохт карда мешавад.
Моддаи 9. Ҳавасмандгардонии омӯзгор
1. Омӯзгорон бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ сарфароз
гардонида мешаванд.
2. Ба музди меҳнати омӯзгороне, ки дорандаи дараҷа ва
унвонҳои илмӣ мебошанд, дар муассисаҳои таълимӣ бо тартиби
муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ ба андозаи 30
дарсади маоши вазифавӣ дода мешавад.
3. Ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ки
шогирдонашон дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ
ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мегиранд, иловапулӣ ба андозаи 20 дарсади
музди меҳнати амалкунандаашон дар давоми як соли таҳсили минбаъда
пардохт карда мешавад.
4. Ба омӯзгор ҳамасола барои пардохти хизматрасониҳои
коммуналӣ ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ пардохт
карда мешавад.
5. Ба омӯзгор намудҳои дигари ҳавасмандгардонӣ, ки
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, пешниҳод карда
мешаванд.
Один ответ