Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол
Мафҳуми «ҳуқуқи граждани», сарчашма ва принсипҳои он. Субъектҳои ҳуқуқи граждани. Аломат ва навъҳои шахси ҳуқуқӣ.
Хонандагон бояд чи будани ҳуқуқи граждани ва принсипҳои он, инчунин доир ба субъектҳои ҳуқуқи граждани маълумот дошта бошанд, инчунин ки будани шахси ҳуқуқиро донанд.
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
Ҳуқуқи граждани дар низоми ҳуқуқ ҳамчун соҳаи мустақил мавқеи муҳимро ишғол намуда, аз дигар соҳаҳои ҳуқуқ бо доираи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тарзи танзими онҳо фарқ мекунад.
Фанни ҳуқуқи граждани муносибатҳои молумулкӣ ва муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии ба онҳо алоқамандро меомӯзад. Муносибатҳои молумулкӣ дар байни ташкилотҳо ва иттиҳодияҳо низ ба вуҷуд меоянд.
Ҳуқуқи граждани муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии бо молу мулк зич алоқамандро низ ба танзим медарорад.
Субъектҳои ҳуқуқи граждани: шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳо), Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ шуда метавонанд.
Шаҳрвандон ҳамчун иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқи граждани дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунӣ мебошанд.
Қобилияти ҳуқуқдорӣ — қобилияти соҳиби ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданин будан. Аз лаҳзаи таваллуд оғоз меёбад ва баъд аз вафот қатъ мегардад.
Қобилияти амалкунӣ — қобилияти бо ҳаракатҳои худ ба даст овардани ҳуқуқҳои гражданин ва барои худ ба вуҷуд овардани ӯҳдадориҳо. Пурра аз синни 18-солаги пайдо мешавад.
Ноболиғони синни 14 то 18 сола қобилияти амалкунии нопурра доранд. Ноболиғони то 14 сола ҳуқуқи бастани аҳдҳои хурди маишӣ доранд (бо ризояти падару модар). Ҳамаи аҳдҳои дигар беэътиборанд (моддаи 197 Кодекси гражданин).
Ташкилоте, ки дар моликият, ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ ё ҳуқуқи оперативӣ идоракунии молу мулки алоҳида дорад, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ масъул аст, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.
Ҳамаи 4 аломат дар якҷоягӣ ҳуқуқ медиҳад, ки ташкилот шахси ҳуқуқӣ эътироф карда шавад.
Қобилияти ҳуқуқдории шахси ҳуқуқӣ: умумӣ ва махсус.
Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ оид ба ҳуқуқи гражданин маълумот гирифта, доир ба субъектҳои ҳуқуқи гражданин ва ки будани шахси ҳуқуқӣ дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.
Хондани саҳифаҳои 5–11.
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.
Дида шуд: Муовини директор
← Баргашт ба фанҳо