⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Синфи 9
Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол
МАВЗУЪ
Ҳимояи ҳуқуқҳои модар ва фарзанд дар муносибатҳои оилавӣ. Принсипҳои ҳуқуқи оилавӣ.
САЛОҲИЯТҲО
Хонандагон бояд оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои модар ва фарзанд дар муносибатҳои оилавӣ ва принсипҳои ҳуқуқи оилавӣ маълумот дошта бошанд.
МАҚСАДИ ДАРС
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
МАВОДИ ТАЪЛИМӢ
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
РАВИШИ ДАРС
1. Лаҳзаи ташкили дарс:
- Аз назар гузаронидани ҳолати китобдорӣ ва дафтардории хонандагон.
- Ба ҳисоб гирифтани давомоти хонандагон.
- Ба дарс тайёр намудани синф.
ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ
- Пайдоиши оила ба кадом давраҳои таърихӣ мансуб мебошад?
- Вазифаҳои асосии оиларо номбар кунед.
- Ҳуқуқи оилавӣ чӣ гуна соҳаи ҳуқуқ мебошад?
- Мафҳуми моддаҳои 17, 23, 33 ва 34-и Конститутсияи ҶТ-ро шарҳ диҳед.
- Эъломияи умумии ҳуқуқи башар кай қабул шудааст? — соли 1948.
- Эъломияи ҳуқуқи кӯдак кай қабул шудааст? — соли 1959.
- Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак кай қабул шудааст? — соли 1989.
МАВЗУЪИ НАВ
Ҷомеаи инсонӣ бидуни оила вуҷуд дошта наметавонад ва аз дараҷаи маърифатнокӣ ва некуаҳволии оилаҳо дараҷаи инкишофи ин ё он ҷомеа ва давлат муайян карда мешавад. Ҳимояи оила, ҳуқуқҳои модар ва кӯдак, ҳуқуқи озодона бастани никоҳро низ дар бар мегирад. Никоҳ асос ва таҳкурсии ташкилёбии оила буда, бо созиши тарафайн ихтиёрона бастани он барои ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила аҳамияти фавқулода дорад.
Кодекси оилаи ҶТ (13 ноябри соли 1998) ҳамчун санади асосии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои оилавиро танзим мекунад, барои ақди никоҳ ризояти ҳамдигарии марду зан ба никоҳ дароянда ва ба синни никоҳ расидани онҳоро чун шартҳои эътиборноки никоҳ муқаррар кардааст.
Ҳимояи оила, модар ва кӯдак, дастгирии иҷтимоии оила аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор мераванд. Конститутсия муқаррар мекунад, ки модар ва кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории давлатанд.
Қонунгузории оилавӣ моҳиятан аз меъёрҳои Конститутсия сарчашма мегирад ва ин меъёрҳо на танҳо асоси қонунгузории никоҳу оиларо ташкил медиҳанд, балки принсипҳои онро низ муайян мекунанд.
Принсипҳои ҳуқуқи оилавӣ:
- Баробарҳуқуқии зану мард дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои оилавӣ.
- Ин баробарҳуқуқӣ на танҳо ҳангоми аз ақди никоҳ гузаштан, балки баъд аз он ҳам нигоҳ дошта мешавад. Онҳо инчунин ҳуқуқҳои баробари шахсӣ ва молу мулкӣ пайдо мекунанд.
- Баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар муносибатҳои оилавӣ сарфи назар аз миллат, нажод ва муносибаташон ба дин.
- Муҳофизат ва ҳавасманд намудани ҳуқуқҳои модар.
- Ғамхорӣ дар ҳаққи фарзандон ва ҳимояи манфиати онҳо.
- Якка никоҳӣ.
- Озодона ва ихтиёрӣ бастани никоҳ.
- Роҳ надодан ба дахолати берунӣ ба масъалаҳои оила.
- Дар зери назорати давлат бекор кардани никоҳ.
- Афзалияти манфиати кӯдак ва аъзои корношоями оила.
- Роҳ надодан ба ягон навъи табъиз нисбат ба ҳар як узви оила.
- Роҳ надодан ба маҳдудиятҳои маҷбурии ҳуқуқҳои оилавӣ.
- Ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ.
- Аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ масъули ҳамдигар будани падару модар ва фарзандон.
- Ба ӯҳдаи давлат вогузор намудани ӯҳдадорӣ оид ба ҳифзи оила, модар, падар ва кӯдак.
- Ҳалли масъалаҳои дохилии оилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо.
- Афзалияти тарбияи кӯдак дар оила, ғамхорӣ нисбат ба некуаҳволӣ ва рушду камоли ӯ.
- Аз ҳалли масъалаҳои никоҳ ва оила ҷудо будани дин.
ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ
Ҳимояи ҳуқуқҳои модар ва фарзанд. Принсипҳои ҳуқуқи оилавӣ:
- Ҳимояи оила, модар ва кӯдак дар Конститутсия ва Кодекси оилаи ҶТ
- Принсипҳои асосии ҳуқуқи оилавӣ
- Баробарҳуқуқии зану мард ва ҳуқуқҳои кӯдак
- Якка никоҳӣ, озодона бастани никоҳ ва ҳимояи судӣ
- Афзалияти манфиати кӯдак ва масъулияти падару модар
МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)
- Зери ҳимояи давлат будани оиларо шарҳ диҳед.
- Сарчашмаҳои ҳуқуқи оилавиро номбар кунед.
- Дар ҶТ шаҳрвандони синни чандсола ҳуқуқи ташкили оиларо доранд?
- Кодекси оилаи ҶТ кай қабул шудааст?
- Шарҳи моддаи 223-и Кодекси меҳнатро, ки нисбат ба занони ҳомила мебошад, маънидод намоед.
- Дар кадом моддаҳои Конститутсияи ҶТ нисбат ба ҳуқуқи оила омадааст?
АРЗЁБӢ
Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои модар ва фарзанд дар муносибатҳои оилавӣ ва принсипҳои ҳуқуқи оилавӣ маълумот гирифта, дар ин самт дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.
ВАЗИФАИ ХОНАГӢ
Хондани саҳифаҳои 66–73.
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.
Дида шуд: Муовини директор
________________
← Баргашт ба фанҳо