⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол

МАВЗУЪ

Никоҳ: шартҳо ва тартиби бастани он. Монеаҳои ақди никоҳ. Беэътибории никоҳ ва қатъ гардидани никоҳ.

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд оид ба никоҳ, шартҳо ва тартиби бастани он, монеаҳои ақди никоҳ, беэътибории никоҳ ва қатъ гардидани никоҳ маълумот дошта бошанд.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Зери ҳимояи давлат будани оиларо шарҳ диҳед.
  2. Сарчашмаҳои ҳуқуқи оилавиро номбар кунед.
  3. Дар ҶТ шаҳрвандони синни чандсола ҳуқуқи ташкили оиларо доранд?
  4. Кодекси оилаи ҶТ кай қабул шудааст?
  5. Шарҳи моддаи 223-и Кодекси меҳнатро, ки нисбат ба занони ҳомила мебошад, маънидод намоед.
  6. Дар кадом моддаҳои Конститутсияи ҶТ нисбат ба ҳуқуқи оила омадааст?

МАВЗУЪИ НАВ

Никоҳ иттифоқи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ танзимшудаи боихтиёрона ва баробарҳуқуқии зану мард аст, ки мақсади он бунёди оила буда, барои ҳамсарон ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсӣ ва молу мулкиро ба вуҷуд меорад. Нишонаҳои ҳуқуқии никоҳ инҳоянд:

  1. Никоҳ танҳо миёни зану мард баста шуда метавонад.
  2. Барои бастани никоҳ мавҷудияти иродаи ихтиёронаи онҳое лозим аст, ки ба никоҳ ворид мешаванд.
  3. Никоҳ иттифоқи баробарҳуқуқ аст.
  4. Никоҳ бояд аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шавад, яъне дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ.
  5. Мақсади никоҳ бунёди оила аст. Дар ҳолати баръакс никоҳ беэътибор дониста мешавад.
  6. Қайди никоҳ боиси пайдоиши ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсӣ ва молу мулкии ҳамсарон мегардад.

Ҳамсарони оянда ҳуқуқ доранд, ки доир ба кам ё зиёд кардани мӯҳлати якмоҳаи то қайди никоҳ ба мақомоти САҲШ муроҷиат кунанд. Барои бастани никоҳ пеш аз ҳама ризояти никоҳшавандагон муҳим аст. Дигар шарти никоҳ – расидан ба синну соли никоҳ мебошад. Хилофи қонун амал кардани шаҳрвандон боиси сар задани амали ҷиноятӣ мегардад, ки барои ин мувофиқи моддаи 169-и Кодекси ҷиноятӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Никоҳ зоҳиран як амали муқаррарӣ менамояд, аммо аз нигоҳи оқибатҳои ҳуқуқии худ амали хеле масъулиятнок аст. Мувофиқи моддаи 14-и Кодекси оилаи ҶТ дар ҳолатҳои зерин бастани ақди никоҳ байни шаҳрвандон манъ шудааст:

  1. Байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта бошад.
  2. Байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё биби бо набераи худ).
  3. Байни бародарону хоҳарони айнӣ ва угай (ки аз як падар ё модаранд).
  4. Байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар.
  5. Байни тағо ва чиян, амак ва бародарзода, холла ва хоҳарзода, амма ва чиян.
  6. Байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд.
  7. Байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ нагузаштаанд.
  8. Байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон.
  9. Байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳӣ ё сустаклиаш ғайри қобили амал эътироф кардааст.
  10. Байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол намуд аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ маҳдуд намудааст.

Агар никоҳ бе ризояти никоҳшавандагон ё дорои яке аз чунин аломатҳо бошад, бо роҳи суд беэътибор дониста мешавад. Ҳамчунин никоҳи бо роҳи маҷбурӣ ё фиреб басташуда низ беэътибор дониста мешавад.

Қонунгузории оила ду тартиби қатъ кардани никоҳро ҳангоми дар ҳаёт будани ҳамсарон пешбинӣ намудааст: яке дар мақомоти суд ва дигаре дар мақомоти САҲШ. Ҳамчунин ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бетабаа бошад, суд вазифадор аст таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Никоҳ ва тартиби бастани он:

  1. Нишонаҳои ҳуқуқии никоҳ
  2. Шартҳои бастани никоҳ ва монеаҳои он
  3. Беэътибории никоҳ ва ҳолатҳои он
  4. Тартиби қатъ гардидани никоҳ (судӣ ва САҲШ)
  5. Ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамсарон ҳангоми бекор кардани никоҳ

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Никоҳ чист?
  2. Нишонаҳои ҳуқуқии никоҳ кадомҳо мебошанд?
  3. Дар ҶТ синни никоҳ чандсолаги мебошад?
  4. Мафҳуми мақомоти САҲШ-ро гӯед.
  5. Ҳолатҳое, ки қонун барои бастани никоҳ манъ кардааст, кадомҳо мебошанд?
  6. Барои вайрон кардани тартиби қонунии никоҳ шахс ба кадом намуди ҷавобгарӣ кашида мешавад?
  7. Дар кадом ҳолат никоҳ беэътибор дониста мешавад?

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ доир ба никоҳ, шартҳо ва тартиби бастани он, монеаҳои ақди никоҳ, беэътибории никоҳ ва қатъ гардидани никоҳ маълумот гирифта, дар ин самт дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаҳои 74–80.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

← Баргашт ба фанҳо