⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол

МАВЗУЪ

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсии ҳамсарон. Ҳуқуқҳои молумулкии зану шавҳар. Муносибатҳои ҳуқуқии шахсӣ ва молумулкии падару модар ва фарзанд. Фарзандхонӣ.

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд дониш дошта бошанд, ки чӣ будани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсии ҳамсарон, ҳуқуқҳои молумулкии зану шавҳар, муносибатҳои ҳуқуқии шахсӣ ва молумулкии падару модар ва фарзанд, инчунин фарзандхонӣ чист.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Никоҳ чист.
  2. Нишонаҳои ҳуқуқии никоҳ кадомҳоянд.
  3. Дар ҶТ синни никоҳ чандсолаги мебошад.
  4. Мафҳуми мақомоти САҲШ-ро гӯед.
  5. Ҳолатҳое, ки қонун барои бастани никоҳ манъ кардааст, кадомҳоянд.
  6. Барои вайрон кардани тартиби қонунии никоҳ шахс ба кадом намуди ҷавобгарӣ кашида мешавад.
  7. Дар кадом ҳолат никоҳ беэътибор дониста мешавад.

МАВЗУЪИ НАВ

Муносибатҳои ҳуқуқии шахсӣ чунин муносибатҳо мебошанд, ки аз тарафи ҳамсарон ҳангоми бастан ё бекоркунии никоҳ, интихоби касб, ҳаллу фасли якҷояи масъалаҳои ҳаёти оилавӣ, интихоби озодонаи машғулият, ҷойи истиқомат, ризоият додан ба фарзандхонӣ, ҳалли масъалаҳои бекоркунии никоҳ ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Ҳуқуқҳои шахсӣ аз лаҳзаи бастани никоҳ ба вуҷуд омада, ҳангоми вафот қатъ мешаванд.

Ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳамсарон:

  1. Ҳуқуқи интихоби насаб (фамилия).
  2. Ҳуқуқи ба интихоби машғулият ва касбу ҳунар.
  3. Ҳуқуқ ба интихоби ҷойи истиқомат.
  4. Ҳуқуқ оид ба масъалаҳои ҳаёти оилавӣ ва тарбияи фарзандон.

Пас аз қайди давлатии никоҳ дар байни зану шавҳар муносибатҳои молумулкӣ пайдо мешаванд. Молу мулки якҷояи зану шавҳар аз маблағҳои пулӣ, амволи манқул ва ғайриманқул иборат аст. Ҳамаи молу мулке, ки дар давраи якҷояи зану шавҳар ҷамъ оварда шудаанд, молу мулки муштараки онҳо ба шумор меравад.

Аҳдномаи никоҳ мафҳуми нав буда, бори нахуст дар қонунгузории оилавӣ дар Кодекси оила соли 1998 дохил карда шудааст.

Ҳуқуқу вазифаҳои падару модарон барои тарбияи фарзандон ба насаби фарзандон вобаста аст. Одатан муқаррар кардани модарӣ мушкил нест. Барои исботи модарӣ дар никоҳ будан ё набудани зани соҳиби фарзандшуда аҳамият надорад. Масъалаи муқаррар кардани падарӣ кӯдак мушкилтар аст.

Ба ҳуқуқҳои шахсии волидон ва фарзандон инҳо дохил мешаванд:

  1. Ҳуқуқи кӯдакон ба ном, номи падар, насаб ва мувофиқан ба ин ҳуқуқи падару модар барои ба фарзандон додани ном, номи падар ва насаб.
  2. Ҳуқуқи падару модарон – тарбия кардани фарзандон ва ҳуқуқи фарзандон – гирифтани тарбия аз падару модар.
  3. Ҳуқуқи падару модарон аз номи фарзандон намояндагӣ кардан, ҳифзи ҳуқуқу манфиати онҳо ва мувофиқан ҳуқуқи фарзандон ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо.

Ҳуқуқи падару модарии танҳо бо роҳи суд аз нав барқарор карда мешавад.

Алимент барои фарзандони ноболиғ аз падару модар то синни 18-солагии фарзанд ҳар моҳ ба миқдори зерин рӯёнида мешавад:

Ба фарзанд гирифтан яке аз роҳҳои дар вазъияти оилавӣ тарбия намудани кӯдаконе мебошад, ки бо сабабҳои гуногун бе падару модар мондаанд ва каси дигар онҳоро ба фарзандӣ қабул кардааст, ки ин пеш аз ҳама ба манфиати кӯдак равона карда шудааст. Танҳо кӯдакони ноболиғро ба фарзандӣ гирифтан мумкин аст. Ба фарзандӣ қабулкунӣ бо қарори суд дар асоси аризаи шахсе, ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳад, ба ҷо оварда мешавад. Парвандаҳои фарзандхонӣ дар суд бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ мегардад. Фарзандхонӣ дар шуъбаи САҲШ (яъне ҷое, ки дар бораи фарзандхонӣ қарор бароварда шуда буд) сабт мегардад. Ин мақомот амалиёти худро дар асоси қарори дар бораи фарзандхонӣ баровардаи суд иҷро менамоянд.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳамсарон ва муносибатҳои оилавӣ:

  1. Ҳуқуқҳои шахсии ҳамсарон ва вазифаҳои онҳо
  2. Муносибатҳои молумулкии зану шавҳар ва аҳдномаи никоҳ
  3. Ҳуқуқҳои падару модар ва фарзандон
  4. Алиментҳо ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакон
  5. Тартиби фарзандхонӣ ва ҳуқуқҳои он

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Аҳдномаи никоҳ шарҳи он.
  2. Муносибатҳои молумулкӣ байни зану шавҳар кай пайдо мешавад.
  3. Фарқи никоҳи беэътибор аз талоқ дар чист.
  4. Моликияти умумии ҳамсарон кадом аст.
  5. Ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳамсаронро номбар кунед.

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ доир ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсии ҳамсарон, ҳуқуқҳои молумулкии зану шавҳар, муносибатҳои ҳуқуқии шахсӣ ва молумулкии падару модар ва фарзанд, фарзандхонӣ маълумот гирифта, дар ин самт дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаҳои ____________.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

← Баргашт ба фанҳо