Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол
Мафҳум, принсип ва сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ. Мафҳум ва навъҳои шартномаи меҳнатӣ. Тартиби бастан ва шаклҳои шартномаи меҳнатӣ.
Хонандагон бояд доир ба мафҳум, принсипҳо ва сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ, мафҳум ва навъҳои шартномаи меҳнатӣ маълумот дошта бошанд.
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
Тибқи моддаи 35-и Конститутсияи ҶТ ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Ҳуқуқ ба меҳнат яке аз ҳуқуқҳои асосии ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
Ҳуқуқи меҳнатӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар шароити бозори меҳнат ба миён омадаанд, тарзи ташкил ва татбиқи меҳнати кирояро муайян менамояд. Ҳуқуқи меҳнатӣ дорои чунин аломатҳо мебошад:
Иштирокчиёни (субъектҳои) муносибатҳои меҳнатӣ корфармо ва корманд мебошанд, ки онҳо муносибатҳои худро бештар дар асоси шартномаи меҳнатӣ амалӣ менамоянд. Қобилияти умумии меҳнатӣ бо расидани шахси воқеӣ ба синни 15-солаги ба вуҷуд меояд.
Ҳуқуқи меҳнатӣ ба принсипҳои муайяни ҳуқуқ асос меёбад. Принсипҳои ҳуқуқи меҳнатӣ:
Сарчашмаҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба он алоқаманд: Конститутсияи ҶТ, Кодекси меҳнат (23 июли соли 2016), Қонуни ҶТ «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» (1 августи соли 2003), «Дар бораи хизмати давлатӣ» (5 марти соли 2007) мебошанд.
Муносибатҳои меҳнатии корманд бо корфармо дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба тартиб дароварда мешавад. Шартномаи меҳнатӣ созишномаи байни корфармо ва корманд мебошад, ки мувофиқи он корманд ӯҳдадор мешавад корро аз рӯи як касб, якчанд касб, ихтисос ё вазифа тавре иҷро намояд, ки тартиботи дохилии меҳнатро риоя кунад ва корфармо дар навбати худ ӯҳдадор мешавад, ки ба корманд музди корашро пардохт намояд ва шароити меҳнатро муҳайё намояд. Шартномаи меҳнатӣ дутарафа мебошад ва ризоияти тарафайнҳо зарур аст.
Шартномаҳои меҳнатӣ ба 2 гурӯҳ ҷудо мешаванд: зарурӣ ва иловагӣ. Шартномаҳои меҳнатӣ мувофиқи моддаи 25-и Кодекси меҳнат ба мӯҳлатҳои зерин баста мешаванд:
Шартномаи меҳнатӣ ба шакли хаттӣ баста шуда ва бо фармони роҳбари ташкилот ё шахси ваколатдор ба расмият дароварда мешавад. Мақсади санҷиш ба кор лоиқ будан ё набудани корманд муайян карда шудааст, ки он аз мавридҳои муқаррарнамудаи қонун аз 3 моҳ зиёд буда наметавонад. Ба кормандоне, ки аввалин маротиба ба кор қабул карда мешаванд, баъди 5 рӯзи корӣ дафтарчаи меҳнат кушода мешавад. Дафтарчаи меҳнат ҳуҷҷати асосии доир ба фаъолияти меҳнатии корманд мебошад.
Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ доир ба мафҳум, принсип ва сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ, мафҳум ва навъҳои шартномаи меҳнатӣ маълумот гирифта, дар ин самт дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.
Хондани саҳифаҳои ____________.
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.
Дида шуд: Муовини директор
________________
← Баргашт ба фанҳо