⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Синфи 9
Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол
МАВЗУЪ
Ба кори дигар гузаронидан ва навъҳои он. Асосҳои қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ.
САЛОҲИЯТҲО
Хонандагон бояд доир ба ба кори дигар гузаронидан ва навъҳои он, инчунин асосҳои қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ маълумот дошта бошанд.
МАҚСАДИ ДАРС
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
МАВОДИ ТАЪЛИМӢ
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
РАВИШИ ДАРС
1. Лаҳзаи ташкили дарс:
- Аз назар гузаронидани ҳолати китобдорӣ ва дафтардории хонандагон.
- Ба ҳисоб гирифтани давомоти хонандагон.
- Ба дарс тайёр намудани синф.
ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ
- Кодекси меҳнати ҶТ кай қабул карда шудааст.
- Ҳуқуқи меҳнатӣ кадом муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
- Шартномаи меҳнатӣ чист.
- Принсипҳои ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатиро номбар намоед.
- Шартномаи меҳнатӣ бо кадом мӯҳлатҳо баста мешавад.
- Дафтарчаи меҳнат чӣ гуна ҳуҷҷат аст.
МАВЗУЪИ НАВ
Қонунгузории меҳнатӣ ҳуқуқҳои кормандонро ба меҳнат ҳаматарафа ҳимоя карда, амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои онҳоро оид ба шароити меҳнатӣ, ки дар вақти ба кор қабул намудан пешбинӣ шудаанд, кафолат медиҳад.
Гузаронидан ба кори дигар доимӣ ва муваққатӣ мешавад. Ба кори дигари доимӣ гузаронидан аз 3 навъ иборат аст:
- ба кори дигар гузаронидан дар худи ҳамон ташкилот;
- гузаронидан ба кор ба ташкилоти дигар;
- гузаронидан ба ҷои дигар якҷоя бо ташкилот.
Сабабҳое, ки кормандро ба ҷои дигар гузаронидан мумкин аст:
- зарурияти истеҳсолӣ;
- бекормонӣ;
- ҳамчун чораи татбиқи ҷазои интизомӣ.
Муваққатан ба кори дигар гузаронидани корманд ҳамчун чораи ҷазои интизомӣ мумкин аст. Мӯҳлати ба кори дигар гузаронидани корманд дар мавриди зарурияти истеҳсолӣ то як моҳ мебошад.
Шартномаи меҳнатиро танҳо бо асосҳо ва тартиби дар қонун пешбинишуда бекор кардан мумкин аст:
- Бо созиши тарафҳо;
- Бо ташаббуси корманд;
- Бо ташаббуси корфармо;
- Бо гузаштани мӯҳлат;
- Ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошанд.
Аз кор озод кардани корманд бо ташаббуси корфармо дар мавридҳои зерин мумкин аст:
- барҳам хӯрдани ташкилот, қатъ ёфтани фаъолияти соҳибкорӣ, ихтисори шумора ё штати кормандон;
- ошкор гардидани номувофиқии корманд ба вазифаи ишғолкардааш ё коре, ки иҷро мекунад;
- бидуни сабабҳои узрнок вазифаҳои меҳнатиро мунтазам иҷро накардани корманд (агар ба ӯ пештар чораҳои ҷазои интизомӣ дода шуда бошад);
- ҳозир набудан дар давоми рӯзи корӣ зиёда аз 3 соат бе сабабҳои узрнок;
- ҳозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз 4 моҳи бефосила дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ;
- дар ҳолати мастӣ аз шароб, маводи нашъаовар ва токсикӣ ҳозир шудан ба кор;
- дуздидани молу мулки корфармо дар ҷои кор (бо ҳукми қувваи қонунии суд ё қарори мақоми додани ҷазои маъмурӣ);
- қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо шахсони дар чанд ҷой коркунанда бинобар қабули корманди дигар;
- қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари ташкилот бинобар иваз шудани молик;
- вайронкунии дағалонаи яккаратаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат аз ҷониби роҳбарони ташкилот ва муовинони онҳо.
Қонунгузории меҳнатӣ муқаррар кардааст, ки барои кормандоне, ки бо сабаби осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ қобилияти меҳнатиро аз даст додаанд, то муқаррар гардидани маъюбӣ ҷои кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад.
ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ
Ба кори дигар гузаронидан ва қатъи шартномаи меҳнатӣ:
- Навъҳои гузаронидан ба кори дигар (доимӣ ва муваққатӣ)
- Сабабҳо ва шароити гузаронидан ба кори дигар
- Асосҳои қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ
- Озод кардан бо ташаббуси корфармо ва ҳолатҳои он
- Ҳифзи ҳуқуқҳои корманд ҳангоми қатъи шартнома ва бекормонӣ
МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)
- Гузаронидан ба кори дигар чанд навъ мешавад.
- Сабабҳои гузаронидан ба кори дигар тибқи қонунҳои амалкунанда кадомҳоянд.
- Шартномаи меҳнатӣ байни киҳо баста мешавад.
- Асосҳои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ кадомҳоянд.
- Корфармо ва корманд кистанд.
- Кодекси меҳнати ҶТ кай қабул шудааст.
АРЗЁБӢ
Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ доир ба ба кори дигар гузаронидан ва навъҳои он, асосҳои қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ маълумот гирифта, дар ин самт дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.
ВАЗИФАИ ХОНАГӢ
Хондани саҳифаҳои _______________.
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.
Дида шуд: Муовини директор
________________
← Баргашт ба фанҳо