⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол

МАВЗУЪ

Вақти корӣ ва навъҳои он. Вақти истироҳат ва навъҳои он. Имтиёзҳо барои ноболиғон ва шахсоне, ки дар баробари кор таҳсил мекунанд.

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд доир ба вақти корӣ ва навъҳои он, вақти истироҳат ва навъҳои он, инчунин имтиёзҳо барои ноболиғон ва шахсоне, ки дар баробари кор таҳсил мекунанд, маълумот дошта бошанд.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Гузаронидан ба кори дигар чанд навъ мешавад.
  2. Сабабҳои гузаронидан ба кори дигар тибқи қонунҳои амалкунанда кадомҳоянд.
  3. Шартномаи меҳнатӣ байни киҳо баста мешавад.
  4. Асосҳои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ кадомҳоянд.
  5. Корфармо ва корманд кистанд.

МАВЗУЪИ НАВ

Фаъолияти кории инсон ба монанди тамоми ҳаёти ӯ дар доираи вақт мегузарад. Ченаки асосии сарфи меҳнати кормандон маҳз вақти корӣ мебошад. Вақти корӣ муътадил, кутоҳ ва нопурра мешавад.

Вақти кории муътадил мувофиқи Кодекси меҳнат дар як ҳафта 40 соат мебошад. Барои гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон бо дарназардошти синну сол, вазъи саломатӣ, шароити меҳнат ва хусусияти ӯҳдадориҳои меҳнатӣ давомнокии кутоҳкардашудаи вақти корӣ бе кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад. Ба ин гурӯҳҳо дохил мешаванд: кормандоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, занон ва дигар шахсоне, ки ӯҳдадориҳои оилавӣ доранд, кормандони маъюб ва кормандоне, ки бо корҳои зарарнок машғуланд. Давомнокии вақти кории кутоҳ барои чунин шахсон на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта муқаррар карда мешавад.

Барои шахсоне, ки дар басти шабона кор мекунанд, вақти корӣ 1 соат кутоҳ муқаррар гардидааст. Вақти кории нопурра барои занони ҳомила, ки фарзанди то 14-сола ё кӯдаки маъюб доранд, мувофиқи хулосаи тиббӣ ва аъзои бемори оиларо нигоҳубин мекунад, муқаррар мешавад.

Давомнокии вақти корӣ:

Вақти кории изофа: дар ду рӯзи пайдарпай 4 соат ва дар як сол на бештар аз 120 соат.

Вақти истироҳат ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:

  1. Танаффус дар давоми рӯзи корӣ;
  2. Танаффус дар байни рӯзҳои корӣ;
  3. Рӯзҳои истироҳат;
  4. Рӯзҳои идҳои ғайрикорӣ;
  5. Рухсатҳо.

Ба кормандон намудҳои зерини рухсатӣ дода мешавад:

Рухсатҳои иҷтимоӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, нигоҳубини кӯдак, таҳсил ва рухсатии эҷодӣ мебошанд. Рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин ба корманд бо давомнокии на камтар аз 24 рӯзи тақвимӣ дода мешавад. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароити махсуси табиӣ ва иқлимӣ бо давомнокии на камтар аз 8 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.

Рухсатии бемузди меҳнат дар асоси аризаи корманд дода мешавад, аз ҷумла:

Ба кормандони то 18-сола ҳар сол на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ рухсатии пардохтшавандаи меҳнатӣ дар фасли тобистон ё ҳар вақти муносиб дода мешавад. Кормандони то синни 18-соларо ба корҳои шабона, изофакорӣ, кори рӯзҳои истироҳат ва идҳо, сафари хизматӣ фиристодан манъ аст.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Вақти корӣ, истироҳат ва имтиёзҳои меҳнатӣ:

  1. Вақти корӣ (муътадил, кутоҳ, нопурра) ва ҳисобкунии он
  2. Вақти истироҳат ва намудҳои он (танаффус, рӯзҳои истироҳат, рухсатҳо)
  3. Вақти изофа ва маҳдудиятҳои он
  4. Рухсатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ
  5. Имтиёзҳо барои ноболиғон ва шахсони дар баробари кор таҳсилкунанда

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Вақти корӣ чист?
  2. Намудҳои вақти корӣ кадомҳоянд?
  3. Вақти истироҳат ва навъҳои онро номбар намоед.
  4. Рухсатҳо ва шаклҳои онро номбар намоед.
  5. Рухсатии иловагӣ чӣ гуна рухсатӣ мебошад?
  6. Ноболиғон кадом имтиёзҳоро доир ба вақти корӣ, рухсатӣ ва музди меҳнат доранд?

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ доир ба вақти корӣ ва навъҳои он, вақти истироҳат ва навъҳои он, имтиёзҳо барои ноболиғон ва шахсоне, ки дар баробари кор таҳсил мекунанд, маълумот гирифта, дар ин самт дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаҳои 110–117.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

← Баргашт ба фанҳо