Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол
Интизоми меҳнат. Ҳифзи меҳнат, ҳифзи меҳнати занон ва ҷавонон. Музди меҳнат.
Хонандагон бояд доир ба интизоми меҳнат, ҳифзи меҳнат, ҳифзи меҳнати занон ва ҷавонон, инчунин музди меҳнат маълумот дошта бошанд.
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
Интизоми меҳнат дар ташкилотҳо бо роҳи фароҳам овардани шароити зарурии ташкилию иқтисодӣ барои кори сермаҳсули муътадил, муносибати бошуурона ба кор, усули боварикунонӣ, тарбия ва ҳавасмандгардонӣ барои меҳнати софдилона таъмин карда мешавад. Интизоми меҳнат барои ҳама — ҳам роҳбар ва ҳам корманди оддӣ ҳатмист.
Қонунгузории меҳнатӣ барои вайрон намудани интизоми меҳнат ҷазоҳои зеринро муқаррар кардааст:
Ҷазои интизомиро корфармо бевосита ба корманд баъди ошкор шудани кирдораш медиҳад. Пеш аз он ки вайронкунандаи интизоми меҳнат ҷазо дода шавад, аз ӯ бояд баёнот гирифта шавад. Ҷазо на дертар аз як моҳи содиршавии вайронкунии интизоми меҳнат дода мешавад. Ба ин мӯҳлат вақти бемории корманд ё дар рухсатии меҳнатӣ будани ӯ дохил намешавад. Барои ҳар як вайронкунии интизоми меҳнат танҳо як ҷазои интизомӣ додан мумкин аст. Мӯҳлати амали ҷазои интизомӣ аз рӯи татбиқи он аз 6 моҳ зиёд буда наметавонад. Агар корманд дар ин муддат ба ҷазои нави интизомӣ гирифтор нашавад, ӯ чазогирифташуда эътироф карда мешавад.
Ҳамаи шаҳрвандоне, ки фаъолияти меҳнатии худро дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба роҳ мемонанд, ба ҳифзи меҳнат ҳуқуқ доранд. Ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо қисми ҷудонашавандаи раванди истеҳсолот мебошад.
Қонунгузор ба меҳнати занон ва ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус медиҳад, зеро ояндаи миллат ва давлат аз солиму бардам будани онҳо вобастагии калон дорад. Қонун истифодаи меҳнати занон ва ноболиғонро дар корҳои зеризаминӣ, вазнин ва дар корҳои шароити меҳнаташ зараровар, инчунин ба корҳои шабона ҷалб кардани занон (ба истиснои он соҳаҳое, ки ин хеле зарур аст) манъ кардааст. Ҳамзамон аз рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда бозхонд нашудан манъ аст.
Мувофиқи моддаи 35-и Конститутсия ба меҳнати якхелаи кормандон музди баробар дода мешавад. Вобаста ба ҷинс, синну сол, нажод ва миллат кам кардани андозаи музди меҳнат манъ аст. Музди меҳнати кормандон вобаста ба миқдор ва сифати захмати сарфшуда муқаррар карда мешавад. Ченаки сарфи меҳнат меъёрҳои меҳнатӣ мебошанд, ки онҳоро корфармо дар мувофиқа бо намояндагони кормандон дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат, меъёрҳои тарифӣ ва коэффитсиентҳои байнидараҷавӣ мувофиқи сатҳи дастовардҳои техникӣ, технологӣ ва ташкили истеҳсолот дар ҳолати барои кормандон муҳайё намудани шароити муътадили кор муқаррар мекунад.
Мӯҳлати пардохти музди меҳнатро шартномаи меҳнатӣ, созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилӣ муқаррар менамоянд, вале он дар ҳар ним моҳ камтар аз як маротиба буда наметавонад.
Доир ба ҳифзи меҳнат дар истеҳсолоти шароити кораш зарарнок ва хатарнок, инчунин дар корҳое, ки дар шароити махсуси ҳароратӣ гузаронида мешаванд ё ба ифлоскории вобастаанд, ба кормандон аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда ё бо қарори коллективҳои меҳнатӣ ройгон либосу пойафзоли махсус, дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, шир ё дигар маҳсулоти ба он баробар, ғизоҳои табобатӣ-профилактикӣ дода мешавад.
Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ доир ба интизоми меҳнат, ҳифзи меҳнат, ҳифзи меҳнати занон ва ҷавонон, музди меҳнат маълумот гирифта, дар ин самт дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.
Хондани саҳифаҳои ___________.
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.
Дида шуд: Муовини директор
________________
← Баргашт ба фанҳо