Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол
Ҳуқуқи кишоварзӣ, предмет, метод, принсипҳо ва сарчашмаҳои ба танзим даровардани он. Танзими ҳуқуқии муносибатҳои иҷорави.
Хонандагон бояд доир ба ҳуқуқи кишоварзӣ, предмет, метод, принсипҳо ва сарчашмаҳои ба танзим даровардани он маълумот дошта бошанд.
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
Кишоварзӣ соҳаи муҳимтарини иқтисоди милли мо ба шумор меравад, зеро аз инкишофи он пешрафти дигар соҳаҳо ва ҳаматарафа қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни мардуми мо вобастагии калон дорад. Дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақши ширкатҳои хоҷагӣ, хоҷагиҳои давлатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷоракорон, соҳибкорони инфиродӣ ва шаклҳои дигари ташкилии ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ калон мебошад. Муносибатҳои кишоварзӣ дар байни чунин субъектҳо ва дар рафти истеҳсолоти кишоварзӣ ба вуҷуд меоянд.
Ҳуқуқи кишоварзӣ аз низоми меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои кишоварзиро дар соҳаи истеҳсолоти хоҷагии кишоварзӣ ба танзим медарорад.
Ҳуқуқи кишоварзӣ муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар соҳаи кишоварзӣ ба вуҷуд меоянд, дар асоси принсипҳои зерин ба танзим медарорад:
Сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзӣ: Конститутсияи ҶТ, Кодекси замин, Кодекси об, Кодекси ҷангал, Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи кооперативҳо», «Дар бораи дастовардҳои селексионӣ зироат», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошанд.
Иҷора шакли муҳими танзими муносибатҳои кишоварзӣ ба шумор меравад. Муносибатҳои иҷорави дар асоси Кодекси замин ва Кодекси граждании ҶТ ба танзим дароварда мешаванд. Иҷора шакли махсуси хоҷагидорӣ буда, мувофиқи он молу мулк, замин ва дигар захираҳои табиӣ ба мӯҳлати муайян ва музднок дар асоси шартнома барои дар ихтиёр доштан ва истифодабарӣ гирифта мешавад.
Дар соҳаи кишоварзӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ҳуқуқ дорад заминро ба иҷора диҳад. Шартномаи иҷораи замин бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Мӯҳлати ҳадди ақали шартномаи иҷораи замин аз як навбати майдони киштгардон камтар буда наметавонад. Баъди ба охир расидани мӯҳлати шартнома иҷорагир ҳуқуқи аз нав барқарор намудани шартномаро дорад. Дар сурати набудани аризаи яке аз тарафҳо дар бораи қатъ кардан ё тағйир додани шартнома, он ба ҳамон шартҳо, ки дар шартномаи пешин шуда буд, дароз карда мешавад.
Умуман муносибатҳои иҷорави ваколати хоҷагидории иҷорагиронро хеле васеъ карда, нақши онҳоро дар фаъолияти хоҷагидорӣ баланд мебардорад. Ҳуқуқи кишоварзӣ дорои методи ба худ хоси ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад, зеро ҳамчун соҳаи комплекси дар он методҳои ба танзим даровардани соҳаҳои гуногуни давлатӣ, маъмурӣ, молиявӣ, граждании, меҳнатӣ ва ғайра истифода бурда мешавад.
Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ доир ба ҳуқуқи кишоварзӣ, предмет, метод, принсипҳо ва сарчашмаҳои ба танзим даровардани он маълумот гирифта, дар ин самт дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.
Хондани саҳифаҳои __________.
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.
Дида шуд: Муовини директор
________________
← Баргашт ба фанҳо