Барои рӯзҳои «__________» ____ 20_____ сол
Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ). Хоҷагии ёрирасони шахсӣ.
Хонандагон бояд доир ба ҳуқуқи кишоварзӣ, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва хоҷагии ёрирасони шахсӣ маълумот дошта бошанд.
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
Хоҷагии деҳқонӣ яке аз шаклҳои муҳими хоҷагидорӣ дар шароити ҳозира мебошад. Муносибатҳое, ки вобаста ба шакл ва фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ба вуҷуд меоянд, дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» аз 15 марти соли 2016 ба танзим дароварда мешаванд.
Ба шаклҳои хоҷагии деҳқонӣ мувофиқи моддаи 3-и қонуни мазкур инҳо дохил мешаванд:
Субъекти соҳибкорӣ тибқи қонунгузорӣ худи хоҷагии деҳқонӣ эътироф шудааст, на роҳбари хоҷагии деҳқонӣ. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ яке аз аъзои қобили амал он шуда метавонад, агар ба синни 18-солагӣ расида бошад. Шахсоне, ки дар хоҷагии деҳқонӣ аз рӯи шартнома кор мекунанд, ба ҳайати он дохил намешаванд.
Хоҷагии деҳқонӣ дар заминаи қитъаи замин ва молу мулки дигар таъсис дода мешавад. Қитъаи замин барои ташкили хоҷагӣ дар асоси аризаи шаҳрванд барои мероси якумра аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи ноҳия дода мешавад. Ҳуқуқи истифодаи замин бо шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин тасдиқ мегардад.
Хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он ҳуқуқ доранд дар замин мустақилона хоҷагидорӣ намоянд, соҳиби маҳсулоти истеҳсолшуда ва даромад аз фурӯши он бошанд, ҳиссаи худро талаб намоянд, аз истифодаи замин ба таври ихтиёрӣ даст кашанд. Сарфи назар аз ризояти дигар аъзои хоҷагии деҳқонӣ, мувофиқи саҳми худ аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ бароянд, шартномаҳо банданд, дар мавриди аз тарафи давлат бозпас гирифта шудани қитъаи замин ҷуброни пурраи зарарро талаб намоянд.
Ҳамзамон хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он, ки саҳми замини худро доранд, ӯҳдадоранд мувофиқи таъйиноти мақсаднок заминро истифода баранд, ҳосилхезии онро баланд бардоранд, ҳаққи истифодаи замин ва дигар навъҳои андозро дар вақташ супоранд, зарари паст шудани ҳосилхезии заминро, ки бо гуноҳи онҳо рӯй додааст, талафӣ кунанд.
Хоҷагии ёрирасони шахсӣ хоҷагиест, ки бо меҳнати шахсии шаҳрванд ва аъзои оилаи ӯ ба мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва қонеъ гардонидани талаботи худ бо озуқаворӣ ва эҳтиёҷоти дигар пеш бурда мешавад. Муносибатҳое, ки доир ба пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ ба вуҷуд меоянд, аз тарафи қонунгузорӣ ба танзим дароварда шуда, асоси онро Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» аз 8 декабри соли 2003 ташкил медиҳад.
Шаҳрванде, ки дорои қобилияти амалкунӣ мебошад, ба ташкил ва пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҳуқуқ дорад. Ба қитъаи замини хоҷагии ёрирасони шахсӣ замини наздиҳавлигӣ ва дар мавриди зарурат қитъаҳои замини иловагӣ дохил мешаванд. Қитъаи замини наздиҳавлигӣ одатан дар шафати манзили истиқоматӣ ва ҳамчунин имкон дорад дуртар аз он воқеъ бошад. Қитъаи замини иловагӣ ба шаҳрвандон аз ҳисоби заминҳои фонди ягонаи давлат ҷудо карда мешавад.
Масоҳати қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба ҳар ҳолат:
Пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ мумкин аст дар ҳолатҳои муайян қатъ гардад. Қатъи пешбурди он дар асоси қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ гардонида мешавад. Фаъолияти хоҷагии ёрирасони шахсӣ аз рӯзи ба дафтари хоҷагӣ даровардани навиштаҷоти дахлдор инчунин сабт дар китоби қайди кумитаи ноҳиявии замин қатъ мегардад.
Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ доир ба ҳуқуқи кишоварзӣ, хоҷагиҳои фермерӣ ва шахсӣ маълумот гирифта, дар ин самт дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.
Хондани саҳифаҳои __________.
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.
Дида шуд: Муовини директор
________________
← Баргашт ба фанҳо