⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 20____ сол

МАВЗУЪ

Ҳуқуқи гумрукӣ: Предмет ва сарчашмаҳои ҳуқуқи гумрукӣ. Вазифа ва салоҳияти мақомоти гумрук.

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд оид ба ҳуқуқи гумрукӣ ва сарчашмаҳои он маълумот дошта бошанд ва маълумоти муфассал доир ба тавзеҳоти ҳуқуқии сиёсӣ дошта бошанд.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Хоҷагии ёрирасони шахсӣ аз кадом қитъаҳои заминҳо иборат аст.
  2. Хоҷагии ёрирасони шахсӣ чист.
  3. Хоҷагии деҳқонӣ чист.
  4. Шаклҳои хоҷагии деҳқониро номбар кунед.
  5. Ки ҳуқуқи ташкили хоҷагии деҳқониро дорад.

МАВЗУЪИ НАВ

Он муносибатҳои ҷамъиятӣ предмети ба танзим даровардани ҳуқуқи гумрукӣ шуда метавонанд, ки дар байни мақомоти гумрук ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба ҷойивазкунии молҳо ва интиқоли воситаҳои нақлиёт ба воситаи сарҳади гумрукӣ ва тибқи қонун гузаронидани барасмиятдарорӣ, назорат ва рӯёнидани пардохтҳо ба вуҷуд меоянд. Ин муносибатҳо масъалахои вобаста ба танзими гумрукӣ-тарифӣ, манъ кардан ва ҷорӣ намудани маҳдудиятҳоеро дар бар мегиранд, ки мувофиқи қонунгузории ҶТ дар соҳаи танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ муқаррар шудаанд.

Меъёрҳои ҳуқуқии гумрукӣ муносибатҳои мақомоти гумрук, шаҳрвандон, ташкилотҳо инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳоро танзим намуда, ба онҳо дараҷаи махсуси ҳуқуқии гумрукӣ медиҳанд. Муносибатҳои гумрукӣ дорои таркиби зерин мебошанд:

Мақомоти гумрук, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии гумрукӣ шуда метавонанд. Ба сифати мақомоти гумрук мақомоти ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумрукӣ, идораҳои минтақавии гумрук, гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ шуда метавонанд.

Ҳуқуқи гумрукӣ ҳамчун соҳаи комплекси аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки тавассути онҳо муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҷойивазкунии мол ва интиқоли воситаҳои нақлиёт ба воситаи сарҳади гумрукӣ дар байни субъектҳои ҳуқуқии гумрукӣ, инчунин гузаронидани барасмиятдарорӣ, назорат ва рӯёнидани пардохтҳо ба танзим дароварда мешавад.

Мақомоти гумрук аз ҷумлаи мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда, ҳифзи истиқлолият, амнияти иқтисодии ҶТ, риояи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии ҶТ таъмин менамоянд.

Мақомоти гумрук вазифаҳои таҳия ва амалӣ намудани сиёсати гумрукии Тоҷикистон, таъмини соҳибихтиёрӣ ва амнияти иқтисодии ҶТ дар доираи салоҳияти худ, риояи қонунгузории гумрук, ҳифзи манфиатҳои давлат ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, таъмини тартиби аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт, мубориза бар зидди қочоқ ва дигар ҷиноятҳои ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, силҳо, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва маводи радиоактивӣ, арзишҳои фарҳангӣ, навъҳои ҳайвонот ва набототе, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид менамояд, инчунин назорати асъорӣ марбут ба молу воситаҳои нақлиёти аз сарҳади гумрукӣ интиқолшавандаро анҷом медиҳанд.

Ба хизмат дар мақомоти гумрук шаҳрвандоне қабул карда мешаванд, ки қобили амал мебошанд ва синнашон на кам аз 20 сол ва на зиёд аз 35 сол бошад. Корманди мақомоти гумрук бояд дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ё олӣ бошад. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд ки ягон кори муздноки муштаракро ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ иҷро намоянд.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Ҳуқуқи гумрукӣ: предмет, сарчашмаҳо ва мақомоти гумрук:

  1. Мафҳум, предмет ва сарчашмаҳои ҳуқуқи гумрукӣ
  2. Муносибатҳои гумрукӣ ва таркиби онҳо
  3. Вазифаҳои мақомоти гумрук ва ҳифзи амнияти иқтисодӣ
  4. Салоҳият ва талабот ба кормандони мақомоти гумрук
  5. Мубориза бар зидди қочоқ ва назорати гумрукӣ

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Ҳуқуқи гумрукӣ чист.
  2. Кодекси гумрукӣ ҶТ кай қабул карда шудааст (3 декабри соли 2004).
  3. Субъектҳои ҳуқуқи гумрукӣ киҳо шуда метавонанд.
  4. Вазифаҳои мақомоти гумрукро муайян намоед.
  5. Ба хизмати гумрукӣ кадом шаҳрвандон қабул карда мешаванд.

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар рафти дарс ва баёни мавзӯъ чи будани ҳуқуқҳои гумрукӣ ва сарчашмаҳои ҳуқуқҳои гумрукиро фаҳмиданд ва доир ба ҳар самти ин масъалаҳо ба худ маълумот гирифта, дар ин бобат дониш ва ҷаҳонбинии худро баланд бардоштанд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаҳои __________.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

← Баргашт ба фанҳо