Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол
Ҳуқуқи моликият. Шартнома ва навъҳои он.
Хонандагон бояд оид ба ҳуқуқи моликият, навъҳои шартнома инчунин доир ба субъектҳои ҳуқуқи граждани маълумот дошта бошанд.
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
Ҳуқуқи моликият қисми муайяни муносибатҳои молумулкиро ба танзим медарорад. Муносибатҳои мазкур хусусияти иродавӣ дошта, аз тарафи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд.
Субъектҳои ҳуқуқи моликият: давлат, шаҳрвандон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ (аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ), иттиҳодияҳо, давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ.
Се ваколати асосӣ (мазмуни ҳуқуқи моликият):
Тибқи моддаи 236 Кодекси граждании ҶТ моликият дар шакли хусусӣ ва оммавӣ (давлатӣ) ҷудо мешавад.
Моликияти хусусӣ ба моликияти шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ ҷудо мешавад.
Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар сарватҳои табиӣ — моликияти истисноии давлат мебошанд (моддаи 13 Конститутсия). Давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Аҳд — амали шаҳрвандон ва ташкилотҳо, ки барои ба вуҷуд омадан, тағйир додан ё қатъ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданин равона карда шудааст.
Шартнома — созиши ду ё якчанд шахс, ки боиси муқаррар кардан, тағйир ё қатъ гардидани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо мегардад.
Шартномаҳо метавонанд: яктарафа ва дутарфа, музднок ва бемузд, пешаки, оммавӣ, ҳамроҳшавӣ ва ғайра бошанд.
Тағйир додан ва қатъ кардани шартнома танҳо бо ризояти тарафҳо сурат мегирад. Дар ҳолатҳои махсус — бо қарори суд (вайрон кардани шартнома, тағйир ёфтани шароит ва ғ.).
Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ оид ба ҳуқуқи гражданин маълумот гирифта, доир ба ҳуқуқи моликият ва навъҳои шартнома дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.
Хондани саҳифаҳои 11–18.
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.
Дида шуд: Муовини директор
← Баргашт ба фанҳо