⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 20____ сол

МАВЗУЪ

Ҳуқуқи маъмурӣ: Мафҳум ва моҳияти ҳуқуқи маъмурӣ. Объект ва субъектҳои ҳуқуқи маъмурӣ. Моҳияти онҳо.

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд оид ба ҳуқуқи маъмурӣ ва сарчашмаҳои он маълумот дошта бошанд ва маълумоти муфассал доир ба тавзеҳоти ҳуқуқии сиёсӣ дошта бошанд.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Ҳуқуқи гумрукӣ чист.
  2. Кодекси гумрукӣ ҶТ кай қабул карда шудааст (3 декабри соли 2004).
  3. Субъектҳои ҳуқуқи гумрукӣ киҳо шуда метавонанд.
  4. Вазифаҳои мақомоти гумрукро муайян намоед.
  5. Ба хизмати гумрукӣ кадом шаҳрвандон қабул карда мешаванд.

МАВЗУЪИ НАВ

Предмети ҳуқуқи маъмурӣ он муносибатҳо мебошанд, ки онҳо тавассути меъёрҳои маъмурӣ ба танзим дароварда шуда, бо фаъолияти давлатӣ-идоракунӣ алоқаманданд. Ин муносибатҳо идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои идоракунии ғайридавлатиро дар бар мегиранд.

Меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ:

Сарчашмаҳои ҳуқуқи маъмурӣ гуфта шаклҳои ифодаёбии меъёрҳои маъмуриро меноманд, ки онҳо асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои маъмуриро ташкил медиҳанд. Конститутсияи ҶТ ҳамчун санади волотарини ҳуқуқӣ сарчашмаи асосии ҳуқуқи маъмурӣ инчунин қонунҳое, ки ба воситаи раъйпурси қабул карда мешаванд, ба ҳисоб меравад. Дар ҷои дуюм қонунҳои конститутсионӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи маъмурӣ эътироф мешаванд. Масалан: Қонуни конститутсионии «Дар бораи Ҳукумати ҶТ» аз 12 майи соли 2001, Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 17 майи соли 2004. Инчунин қонунҳо: Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти амнияти миллии ҶТ» аз 20 марти соли 2008, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси расмиёти маъмурӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси гумрук, Кодекси замин ва ғайра.

Субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба мақоми он дар ҳар соҳаи ҳуқуқ ҳар хел маънидод мешавад. Дар муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ бошад мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва дар баъзе ҳолатҳо ташкилоту муассисаҳо аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ низ ба ҳайси субъектҳои ҳуқуқ баромад мекунанд.

Объекти идоракунӣ бошад шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки дар соҳаи ҳокимияти иҷроия ҳуқуқу вазифаҳо доранд, аммо ҳамчун тарафи идорашаванда эътироф мегарданд. Ба онҳо шаҳрвандон, хизматчиёни давлатӣ, мақомоти идоракунии ташкилоту сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, корхонаву муассисаҳо, ҳокимияти иҷроия дар низоми худидораи маҳаллӣ ва ташкилоту созмонҳои хориҷӣ дохил мешаванд.

Субъектҳои ҳуқуқи маъмурӣ танҳо дар сурати вуҷуд доштани 3 шарт метавонанд субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ бошанд. Ҳамин тариқ субъектҳои ҳуқуқи маъмурӣ ба 2 гурӯҳ ҷудо мешаванд:

Субъектҳои коллективӣ боз ба 2 гурӯҳ ҷудо мешаванд:

Гурӯҳи аввал:

Гурӯҳи дуюм:

Вазифаи асосии ҳуқуқи маъмурӣ таъмини манфиати давлат мебошад, ки ба воситаи манфиати ҳар як шаҳрванд ва ҷомеа дар маҷмӯъ амалӣ гардонида мешавад.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Ҳуқуқи маъмурӣ: мафҳум, меъёрҳо, субъектҳо ва объектҳо:

  1. Мафҳум ва моҳияти ҳуқуқи маъмурӣ
  2. Меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва навъҳои онҳо
  3. Сарчашмаҳои ҳуқуқии ҳуқуқи маъмурӣ
  4. Субъектҳои ҳуқуқи маъмурӣ (инфиродӣ ва коллективӣ)
  5. Объектҳои идоракунии маъмурӣ ва вазифаҳои асосии ҳуқуқи маъмурӣ

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Меъёрҳои ҳуқуқӣ кадомҳоянд.
  2. Сарчашмаҳои ҳуқуқи маъмуриро номбар кунед.
  3. Субъектҳои иштирокчиёни ҳуқуқи маъмурӣ киҳо ҳисоб мераванд.
  4. Гурӯҳҳои субъектҳои ҳуқуқи маъмуриро муайян кунед.
  5. Вазифаи ҳуқуқи маъмурӣ аз чиҳо иборат аст.

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар рафти дарс ва баёни мавзӯъ чи будани ҳуқуқҳои маъмурӣ ва сарчашмаҳои онро фаҳмиданд ва доир ба ҳар самти ин масъалаҳо ба худ маълумот гирифта, дар ин бобат дониш ва ҷаҳонбинии худро баланд бардоштанд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаҳои __________.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

← Баргашт ба фанҳо