⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 20____ сол

МАВЗУЪ

Ҳуқуқи маъмурӣ: Мақомоти ҳокимияти иҷроия ҳамчун субъекти ҳуқуқи маъмурӣ. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ҳамчун субъекти ҳуқуқи маъмурӣ.

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд оид ба ҳуқуқи маъмурӣ ва сарчашмаҳо, субъекти ҳуқуқи маъмурӣ маълумот дошта бошанд ва маълумоти муфассал доир ба тавзеҳоти ҳуқуқии сиёсӣ дошта бошанд.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Меъёрҳои ҳуқуқӣ кадомҳоянд.
  2. Сарчашмаҳои ҳуқуқи маъмуриро номбар кунед.
  3. Субъектҳои иштирокчиёни ҳуқуқи маъмурӣ киҳо ҳисоб мераванд.
  4. Гурӯҳҳои субъектҳои ҳуқуқи маъмуриро муайян кунед.
  5. Вазифаи ҳуқуқи маъмурӣ аз чиҳо иборат аст.

МАВЗУЪИ НАВ

Истилоҳҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроия» ва «мақомоти идоракунии давлат» ҳангоми муайян кардани вазъи маъмуриву ҳуқуқии мақомоти дахлдор ҳамчун мафҳумҳои ҳаммаъно истифода шудаанд. Мақомоти ҳокимияти иҷроия пеш аз ҳама ташкилоте мебошанд, ки як ҷузъи дастгоҳи давлатӣ маҳсуб шуда, сохтори худ, салоҳият ва фаъолияти худуди доранд, бо тартиби муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил карда мешаванд ва ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маъмуриву сиёсӣ роҳбарӣ мекунанд.

Сохтори дохилии ҳокимияти иҷроия аз роҳбар ва ҷонишинони вай, мақомоти коллегиалии идоракунӣ ва кормандони дастгоҳ иборат аст. Мақомоти ҳокимияти иҷроия аз номи давлат баромад мекунанд, аз ин рӯ онҳо дорои ваколатҳои давлатӣ-ҳокимиятӣ мебошанд.

Президенти ҶТ сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пойдории давлат ва мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Тибқи моддаи 69-и Конститутсия салоҳияти Президент аз 29 салоҳият иборат аст.

Ҳукумати ҶТ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинон, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.

Раиси мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия дар доираи ваколати худ қарор ва амр қабул мекунад. Фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба принсипҳои зерин асос ёфтааст:

Раиси ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия доир ба масъалахои ваколати худ дар назди Президенти ҶТ, мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ҳисобдиҳанда ва масъул мебошанд.

Асосҳои ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷузъҳои он дар Конститутсияи ҶТ, Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз 17 майи соли 2004 муқаррар карда шудаанд.

Сохтори мақомоти худидоракунии маҳаллиро худи аҳолӣ мустақилона муайян мекунад. Ҳуқуқи маъмурӣ вазъи мақомоти худидораи маҳаллиро, ки функсияҳои дорои хусусияти идоракуниро амалӣ мегардонанд, муқаррар месозад. Тибқи моддаи 78-и Конститутсия мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот — Ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд. Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз 5 августи соли 2009 муқаррар намудааст.

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқи Ҷамоати шаҳрак ва Ҷамоати деҳот мебошанд. Дар кори ҷамоатҳо шаҳрвандоне иштирок мекунанд, ки синнашон ба 18-солагӣ расидааст ва дар қаламрави мазкур доими истиқомат мекунанд.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Мақомоти ҳокимияти иҷроия ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи маъмурӣ:

  1. Мақомоти ҳокимияти иҷроия: мафҳум, сохтор ва салоҳият
  2. Президент ва Ҳукумати ҶТ ҳамчун субъекти ҳуқуқи маъмурӣ
  3. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ва принсипҳои фаъолияти онҳо
  4. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат)
  5. Асосҳои ҳуқуқӣ ва вазифаҳои мақомоти худидоракунии маҳаллӣ

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Сохтори дохилии ҳокимияти иҷроия аз чиҳо иборат аст.
  2. Сарвари ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) кист.
  3. Салоҳиятҳои Президенти ҶТ-ро номбар кунед.
  4. Санадҳои раиси мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия кадомҳоянд.
  5. Самтҳои фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
  6. Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» кай қабул карда шудааст.

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар рафти дарс ва баёни мавзӯъ чи будани ҳуқуқҳои маъмурӣ ва сарчашмаҳои онро фаҳмиданд ва доир ба ҳар самти ин масъалаҳо ба худ маълумот гирифта, дар ин бобат дониш ва ҷаҳонбинии худро баланд бардоштанд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаҳои __________.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

← Баргашт ба фанҳо