Барои рӯзҳои «__________» ____ 20_____ сол
Ҳуқуқи маъмурӣ: Хизматчии давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи маъмурӣ. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷазои маъмурӣ.
Хонандагон бояд оид ба ҳуқуқи маъмурӣ ва вазифаҳои хизматчии давлатӣ, субъекти ҳуқуқи маъмурӣ маълумот дошта бошанд ва маълумоти муфассал доир ба тавзеҳоти ҳуқуқии сиёсӣ дошта бошанд.
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
Мафҳуми «хизматчии давлатӣ» дар қонунгузории мо нав аст. Тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти соли 2007 «хизматчии давлатӣ» — шаҳрванди ҶТ мебошад, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст.
Мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ, категорияҳои мансабҳои давлатӣ муайян шудааст. Барои хизматчиёни давлатии сиёсӣ категория муқаррар карда намешавад. Барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ категорияҳои мансабҳои давлатии зерин муқаррар карда мешавад:
Дар моддаи 7-и Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» принсипҳо иборат аз 14 банд муқаррар карда шудааст. Инчунин дар қонуни мазкур ҳуқуқу ӯҳдадориҳои умумии хизматчиёни давлатӣ сабт шудаанд. Онҳо қоидаҳои умумии рафтор ва амали хизматчиёни давлатӣ, шароит ва ҳаҷми дорои хислати ташкилиро зоҳир мекунанд, ки барои амалисозии салоҳият аз рӯи мансаби ишғолнамуда мувофиқат мекунад.
Мувофиқи моддаи 17-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ — ин кирдори зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкоронаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад, ки содир намудани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин кодекс боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ касдан ё аз беэҳтиётӣ содир карда мешаванд.
Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамон вақт касдан содиршуда эътироф мегардад, ки агар шахс зиддиҳуқуқ будани кирдори худро донад ва оқибатҳои зараровари онро пешбинӣ карда бошад. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамон вақт аз беэҳтиётӣ содиршуда эътироф мегардад, ки агар шахси гунаҳкор оқибатҳои зарарноки кирдори худро пешакӣ донад, вале бепарвоёна ва бе асосҳои кофӣ ба пешгирии чунин оқибатҳо умед бандад.
Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 29 намудро пешбинӣ намудааст. Тибқи Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судяҳои судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, мақомоти ваколатдор ва шахсони мансабдори ваколатдор баррасӣ карда мешаванд.
Ҷазои маъмурӣ чораи маҷбуркунии давлатӣ буда, тибқи Кодекси мазкур аз ҷониби судя, мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдор нисбат ба шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда мешавад.
Барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 10 навъҳои ҷазои маъмурӣ муқаррар ва татбиқ карда мешаванд. Ҳабси маъмурӣ низ навъи ҷазои маъмурӣ буда, мувофиқи қонун аз ҷомеъат маҳрум кардани ҳуқуқвайронкунанда ба мӯҳлати аз 1 то 15 шабонарӯз ва барои вайрон кардани низоми вазъи фавқуллода то 30 шабонарӯз муқаррар гардида, аз тарафи суд таъин карда мешавад.
Хонандагон дар рафти дарс ва баёни мавзӯъ чи будани ҳуқуқҳои маъмурӣ ва сарчашмаҳои онро фаҳмиданд ва доир ба ҳар самти ин масъалаҳо ба худ маълумот гирифта, дар ин бобат дониш ва ҷаҳонбинии худро баланд бардоштанд.
Хондани саҳифаҳои __________.
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.
Дида шуд: Муовини директор
________________
← Баргашт ба фанҳо