Барои рӯзҳои «__________» ____ 20_____ сол
Ҳуқуқи ҷиноятӣ: Мафҳум, вазифа ва принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ. Тавсифи қонунгузории ҷиноятӣ.
Хонандагон бояд оид ба ҳуқуқи ҷиноятӣ ва принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ маълумот дошта бошанд ва маълумоти муфассал доир ба тавзеҳоти ҳуқуқии ҷиноятӣ дошта бошанд.
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
Маълум аст, ки ҳар гуна таҷовуз ба неъматҳои бо қонун ҳимояшавандаи иҷтимоӣ барои ҷомеа хавфнок аст. Аммо дараҷаи ин хавфнокӣ метавонад гуногун бошад ва тарзу усулҳои ҳимояи он низ гуногун шуда метавонад. Муҳимтарин масъалае, ки ҳуқуқи ҷиноятӣ ба ҳалли он машғул аст, асосҳо ва худуди ҷавобгарии ҷиноятӣ аст. Мундариҷаи асосии ҳуқуқи ҷиноятӣ дар мафҳумҳои «ҷиноят», «ҷавобгарии ҷиноятӣ», «ҷинояткор» ва «ҷазо» ҳамчун категорияҳои ҷиноятӣ-ҳуқуқии универсалӣ ифода мегардад.
Ҳуқуқи ҷиноятӣ аз ду функсия – функсияи муҳофизатӣ ва функсияи танзимкунанда иборат аст. Ҳар дуи ин функсияҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ба якдигар алоқаманданд ва якҷоя моҳияту механизми ҷиноятро танзим мекунанд. Ғайр аз ин, ҳуқуқи ҷиноятӣ функсияи тарбиявӣ низ дорад, ки тавассути мусоидат кардан ба инкишофи шуури ҳуқуқии шаҳрвандон амалӣ карда мешавад. Барои қабули қонунҳои ҷиноятӣ давлат ба шаҳрвандон мефаҳмонад, ки чӣ гуна кирдорҳо барои ҷомеа хавфнок мебошанд. Ғайр аз ин, татбиқи қонуни ҷиноятӣ на факат ба шахсе, ки қонунро вайрон кардааст, балки ба дигарон низ таъсир мерасонад.
Вазифаи асосии ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳифзи ҳуқуқ ва вазифаҳои инсон, ҳама шаклҳои моликият, амнияти ҷамъиятӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, муҳити атроф, асосҳои сохти конститутсионии давлат аз кирдорҳои ҷинояткорона мебошад. Ҳуқуқи ҷиноятӣ соҳаи мустақили ҳуқуқ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки дар онҳо ҷиноят будани кирдорҳои барои ҷомеа хавфнок ва татбиқ кардани ҷазо нисбат ба шахсони ҷиноят содирнамуда, инчунин асос, шарт ва тартиби ҷавобгарӣ барои ҷинояти мушаххас, тартиби таъин намудани ҷазо ва озод кардан аз ҷазо, тартиби сафарбар намудани аҳли ҷомеа ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ислоҳ ва азнавтарбиякунии маҳкумшудагон нишон дода мешаванд.
Вазифаи ҳуқуқи ҷиноятӣ аз он иборат аст, ки пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, моликият ва умуман тартиботи ҳуқуқиро аз таҷовузҳои ҷинояткорона муҳофизат намояд.
Ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ принсипҳои муайяни худро дорад:
Кодекси ҷиноятии ҶТ 21 майи соли 1998 аз тарафи Маҷлиси Олӣ қабул карда шудааст. Кодекси ҷиноятӣ санади бонизоми қонунгузорӣ буда, қабл аз ҳама асосҳо ва принсипҳои ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар мекунад, кирдорҳои ба шахсият, ҷомеа ва давлат хавфнок ва ҳамчун ҷиноят эътирофшавандаро муайян намуда, намудҳои ҷазо ва чораҳои дигари хусусияти ҳуқуқи ҷиноятидоштаро муқаррар мекунад.
Кодекси ҷиноятии ҶТ аз қисмҳои умумӣ ва махсус иборат аст. Дар қисми умумӣ вазифа ва принсипҳои қонуни ҷиноятӣ, асосҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ (боби 1), амали қонуни ҷиноятӣ дар замон ва макон (боби 2) инъикос шудаанд. Кодекси ҷиноятӣ аз 15 фасл ва 405 модда иборат мебошад. Қисми умумии Кодекс ба масъалахои умумии ҳуқуқи ҷиноятӣ дахл дорад. Қисми махсус бошад ҷиноятҳоро ба таври мушаххас муайян намуда, барои содир намудани ҳар яке аз онҳо ҷазои муайянро муқаррар мекунад.
Хонандагон дар рафти дарс ва баёни мавзӯъ чи будани ҳуқуқҳои ҷиноятӣ ва принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятиро фаҳмиданд ва доир ба принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ба худ маълумот гирифта, дар ин бобат дониш ва ҷаҳонбинии худро баланд бардоштанд.
Хондани саҳифаҳои __________.
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.
Дида шуд: Муовини директор
________________
← Баргашт ба фанҳо