Барои рӯзҳои «__________» ____ 20_____ сол
Ҳуқуқи ҷиноятӣ: Мафҳум ва нишонаҳои ҷиноят
Хонандагон бояд оид ба ҳуқуқи ҷиноятӣ, принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, мафҳум ва нишонаҳои он дониш дошта бошанд ва маълумоти муфассал доир ба тавзеҳоти ҳуқуқи ҷиноятӣ гиранд.
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 17) ҷиноятро кирдори дар шакли ҳаракат ё беҳаракатӣ содиршудаи гунаҳкоронаи барои ҷамъият хавфнок мешуморад, ки ба шахсият, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад ё бо расонидани зарар таҳдид мекунад.
Чунин кирдор — ҳаракат ё беҳаракатиро қонуни ҷиноятӣ бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст.
Ҷиноят пеш аз ҳама кирдорест, ки дар шакли ҳаракат ё беҳаракатӣ ифода меёбад. Шахс бояд имконияти дарк намудани мазмун ва аҳамияти кирдори худро дошта бошад.
Кирдори шахс бояд бошуурона, иродавӣ, ихтиёрӣ ва мақсаднок содир шавад.
Танҳо кирдоре ҷиноят эътироф мешавад, ки барои ҷамъият хавфнок бошад. Ба ҷамъият хавфнок будан яке аз хусусиятҳои асосии иҷтимоии ҷиноят мебошад.
Моҳияти хавфнок будани кирдор дар он ифода меёбад, ки он ба муносибатҳои ҷамъиятӣ зарар мерасонад ё таҳдиди чунин зарарро ба вуҷуд меорад.
Кирдорҳои камаҳамият, амалҳое ки дар ҳолатҳои мудофиаи зарурӣ ва зарурати ниҳоӣ содир шудаанд, ҷиноят ҳисоб намешаванд.
Хондани саҳифаҳои __________
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон
Дида шуд: Муовини директор
________________
← Баргашт ба фанҳо