Барои рӯзҳои «__________» ____ 20_____ сол
Ҳуқуқи ҷиноятӣ: Навъҳои ҷиноятҳо ва ҷавобгарӣ барои онҳо. Ҷавобгарии шарикӣ дар ҷиноят.
Хонандагон бояд оид ба ҳуқуқи ҷиноятӣ ва принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, мафҳум ва нишонаҳои онро донанд ва маълумоти муфассал доир ба тавзеҳоти ҳуқуқи ҷиноятӣ дошта бошанд.
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳои содиршударо ба гурӯҳҳо ҷудо менамояд:
Ҷиноятҳое, ки аз тарафи гурӯҳи одамон содир шудааст, дар ҳуқуқи ҷиноятӣ ҷиноятҳои шарикӣ номида мешаванд. Мувофиқи қонуни ҷиноятӣ (моддаи 35 Кодекси ҷиноятӣ) иштироки якҷояи ду ё зиёда ашхос дар содир намудани ҷинояти касдона шарикӣ дар ҷиноят эътироф мешавад.
Вобаста ба таъсири ҳамдигарии иштирокчиён ва сатҳи муташаккилии онҳо илми ҳуқуқи ҷиноятӣ 4 шакли шарикиро аз ҳам фарқ мекунад:
Шакли аз ҳама хавфноки шарикӣ иттиҳоди ҷиноятӣ ба шумор меравад. Дар чунин иттиҳод гурӯҳи устувор ва муташаккили ҷинояткорон бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои пайдарпай, вазнин ва махсусан вазнин муттаҳид мешаванд.
Вобаста ба чигунагии амалҳои ҷинояткорона қонуни ҷиноятӣ шарикони ҷиноятро ба 4 навъ ҷудо мекунад:
Дар қонуни ҷиноятӣ ҳолатҳое мебошад, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои шахсӣ ё субъективӣ, иҷрои қарзи хизматӣ ва ӯҳдадории ҳуқуқӣ, ҳарчанд ба муносибатҳои ҷамъиятӣ зарар расонанд ҳам, ҷиноят ҳисоб намешаванд.
Мудофиаи зарурӣ — ҳангоми ҳифзи шахсият ва ҳуқуқҳои мудофиакунанда ё шахси дигар, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа ё давлат аз таҷовузе, ки барои ҷамъият хавфнок бор овардааст, агар ин таҷовуз бо зӯроварӣ барои ҳаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок бошад.
Дастгирии зарурӣ — ҳангоми дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда бо мақсади ба мақомоти ҳокимият супурдан ё пешгирии имконияти ҷиноятҳои нав, агар бо воситаҳои дигар дастгир намудани чунин шахс ғайриимкон бошад ва чораҳои зарурӣ аз ҳад нагузаранд.
Иҷрои фармон ё амр — агар шахс бо мақсади иҷрои ҳатмии амру фармон кирдоре содир кунад, ки дар натиҷа ба манфиати шаҳрвандон, давлат ва ҷомеа зарар расад, пас ин кирдор ҷиноят ҳисоб намешавад.
Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ оид ба ҳуқуқи ҷиноятӣ, навъҳои ҷиноятҳо, ҷавобгарии шарикӣ ва ҳолатҳои истисноӣ маълумот гирифта, дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.
Хондани саҳифаи ___________
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.
Дида шуд: Муовини директор
________________
← Баргашт ба фанҳо