Барои рӯзҳои «__________» ____ 20_____ сол
Ҳуқуқи ҷиноятӣ: Ҷазо: мақсад ва навъҳои он. Ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон.
Хонандагон бояд оид ба ҳуқуқи ҷиноятӣ ва принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, мафҳум ва нишонаҳои онро донанд ва маълумоти муфассал доир ба тавзеҳоти ҳуқуқи ҷиноятӣ дошта бошанд.
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
Мувофиқи меъёрҳои илми ҳуқуқи ҷиноятӣ ноболиғон шахсе эътироф мешавад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят 14-солагиро пур карда, вале ба синни 18-солаги нарасидааст.
Кодекси ҷиноятӣ навъҳои ҷазоро барои ноболиғон муайян кардааст:
Корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 40 то 160 соат таъйин карда мешаванд ва аз иҷрои корҳои ба ноболиғон мувофиқ ва берун аз вақти таҳсил иборатанд.
Ҷарима ҳамон вақт таъйин карда мешавад, ки ноболиғ даромади мустақилона ё молу мулк дошта бошад ва он ба андозаи то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда мешавад.
Маҳрум сохтан аз машғул шудан ба фаъолияти муайян ба ноболиғ ба муҳлати аз 1 то 2 сол таъйин карда мешавад.
Маҳрум сохтан аз озодӣ барои ноболиғони ҷинси мард, ки бори аввал маҳкум шудаанд, инчунин ноболиғони ҷинси зан дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми умумӣ ва ноболиғони ҷинси мард, ки қаблан маҳрум сохтан аз озодиро адо намудаанд — дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми пурзӯр адо карда мешавад.
Мақсади ҷазо — ислоҳи ноболиғ, пешгирии содир намудани ҷиноятҳои нав ва таъмини адолат аст.
Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ оид ба ҷазо, мақсад ва навъҳои он, инчунин ҷавобгарии ҷиноятии ноболиғон маълумот гирифта, дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.
Хондани саҳифаи ___________
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.
Дида шуд: Муовини директор
________________
← Баргашт ба фанҳо