⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 20_____ сол

МАВЗУЪ

Мафҳуми қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ. Вазифаҳои мақомоти намояндагӣ ва иҷроия дар таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ.

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мақомоти намояндагӣ ва иҷроия маълумот дошта бошанд ва маълумоти муфассал доир ба тавзеҳоти тартиботи ҳуқуқӣ дошта бошанд.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Ҷиноят чист?
  2. Кадом кирдорҳо ҷиноят эътироф намешаванд?
  3. Ҷиноятҳои шарикӣ гуфта чиро ба назар доред?
  4. Намудҳои ҷинояте, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии ҶТ муайян карда шудаанд, шарҳ диҳед.
  5. Ҷазо ва навъҳои он.

МАВЗУЪИ НАВ

Давлати ҳуқуқбунёдро бе риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар ҷомеае, ки аз талаботи қонун сарфи назар карда мешавад, бетартибӣ ва бесарусомонӣ ҳукмфармо буда, пояҳои давлат оҳиста-оҳиста завол меёбанд. Аз ин рӯ, риояи қонун ва мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти давлат ба ҳисоб меравад.

Қонуният — аниқ ва бе чунучаро иҷро кардани қонунҳо аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон мебошад.

Мувофиқи моддаи 5 Эъломияи истиқлолияти ҶТ ҳеҷ як шахс сарфи назар аз вазифа, миллат, нажод, молу мулк ва дигар нишонаҳо, инчунин ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳуқуқ надоранд аз доираи талаботи қонун берун бароянд. Барои вайрон кардани талаботи қонун шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Принсипҳои қонуният:

  1. Ягонагии қонуният дар миқёси тамоми давлат.
  2. Волоятӣ (қудрати олии) қонун.
  3. Ҳатмӣ будани талаботи қонун барои ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ.
  4. Ҷорӣ кардани назорати қатъӣ аз болои риояи қонун.
  5. Баробарии ҳама дар назди қонун.

Тартиботи ҳуқуқӣ — натиҷаи амалӣ гардонидани қонуният буда, ихтиёран иҷро намудани талаботи қонун, пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва нисбат ба вайронкунандагон татбиқ намудани чораҳои таъсиррасонии ҷамъиятӣ ё маҷбуркунии давлатӣ мебошад.

Дар таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақши мақомоти намояндагӣ, иҷроия ва мақомоти маҳаллӣ калон аст. Мақомоти намояндагӣ ва иҷроия ба риояи қонунҳо назорат карда, барои муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, моликияти ташкилотҳо, корхонаҳо, шаҳрвандон ва пешгирии қонуншиканӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Дар назди мақомоти намояндагӣ комиссияҳои доимии қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон амал менамоянд. Комиссияҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҳуқуқ доранд парвандаҳои ноболиғони то 14-сола ва аз 14 то 16-соларо, ки рафтори ба ҷамъият хатарнок содир кардаанд, инчунин парвандаҳои ҷиноятии ноболиғони аз 14 то 18-соларо дида бароянд.

Воситаҳои иштироки аҳли ҷомеа дар таъмини қонуният зиёд буда, асосан тавассути судҳои рафиқона сурат мегирад. Судҳои рафиқона дар ташкилоту корхонаҳо ва маҳалҳои истиқоматии шаҳрвандон амал мекунанд.

Оила низ дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мустаҳкам намудани қонуният мавқеи муҳим дорад. Мувофиқи Кодекси оилаи ҶТ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модар ӯҳдадоранд фарзандони худро дар рӯҳи садоқатмандӣ ба Ватан ва миллат, иззату эҳтиром нисбат ба калонсолон тарбия намоянд.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ:

  1. Мафҳум ва принсипҳои қонуният
  2. Нақши мақомоти намояндагӣ ва иҷроия
  3. Комиссияҳои оид ба корҳои ноболиғон
  4. Иштироки аҳли ҷомеа (судҳои рафиқона ва оила)

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Қонуният чист?
  2. Принсипҳои қонуниятро номбар ва фаҳмонида диҳед.
  3. Мактаб дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ чи гуна нақш бозида метавонад?
  4. Комиссияҳои оид ба корҳои ноболиғони мақомоти иҷроияи ноҳия дар кори таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ чи корҳоеро ба ҷо меоранд?

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар рафти дарс ва баёни мавзӯъ доир ба қонуният, принсипҳои қонуният ва фаъолияти комиссияҳо оид ба корҳои ноболиғон маълумот гирифта, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ ва баланд бардоштанд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаи ___________

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

← Баргашт ба фанҳо