⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 20____ сол

МАВЗУЪ

Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд оид ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ, принсипҳои адолати судӣ ва тартиби фаъолияти судҳо маълумот дошта бошанд.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Қонуният чист?
  2. Принсипҳои қонуниятро номбар ва фаҳмонида диҳед.
  3. Мактаб дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ чи гуна нақш бозида метавонад?

МАВЗУЪИ НАВ

Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсия ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои ҶТ» (аз 6 августи соли 2001, №30) муайян карда шудааст.

Дар моддаи 20 Қонуни конститутсионӣ омадааст, ки низоми судии ҶТ-ро инҳо ташкил медиҳанд:

  1. Суди конститутсионӣ
  2. Суди Олӣ
  3. Суди Олии иқтисодӣ
  4. Суди ҳарбӣ
  5. Суди ВМКБ
  6. Судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрию ноҳиявӣ
  7. Судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Конститутсияи ҶТ ташкили судҳои фавқулоддаро манъ мекунад.

Суди Олӣ нисбат ба ҳамаи судҳои поёнӣ дар масъалаҳои баррасии парвандаҳои граждании, ҷиноятӣ ва маъмурӣ мақоми олии судӣ аст. Суди Олии иқтисодӣ оид ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ мақоми олии судӣ мебошад.

Низоми судҳо (ғайр аз судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ) ба 3 зина ҷудо мешаванд:

  1. Судҳои шаҳрию ноҳиявӣ — зинаи аввал
  2. Суди ВМКБ, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе — зинаи дуюм (миёна)
  3. Суди Олии ҶТ — зинаи сеюм (олӣ)

Адолати судӣ танҳо аз тарафи судҳо амалӣ карда мешавад. Дигар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳуқуқи адолати судӣ надоранд.

Роҳҳои амалӣ гардонидани адолати судӣ:

Суди Олӣ аз Пленум, Раёсат, Коллегияи граждании, Коллегияи ҷиноятӣ ва Коллегияи ҳарбӣ иборат аст. Судяҳои судҳои шаҳру ноҳияро Президенти ҶТ таъин мекунад.

Дар кишвар 71 суди шаҳриву ноҳиявӣ амал мекунад. Судҳои ҳарбӣ (гарнизонҳои Душанбе, Хуҷанд, Хатлон, Хоруғ ва Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ) парвандаҳои ҷиноятӣ ва граждании ашхоси ҳарбиро баррасӣ менамоянд.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Низоми судии ҶТ:

  1. Зинаҳои судӣ (аввал, миёна, олӣ)
  2. Судҳои умумӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ
  3. Ваколатҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ
  4. Нақши судҳо дар таъмини адолат

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Принсипҳои асосии адолати судӣ кадомҳоанд?
  2. Тартиби фаъолияти судҳо чи гуна мебошад?
  3. Самти фаъолияти Суди ҳарбӣ кадом аст?
  4. Судҳо аз рӯи самтҳои фаъолияташон ба кадом зинаҳо ҷудо мешаванд?
  5. Адолати судӣ чист?

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ оид ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зинаҳои судӣ ва адолати судӣ маълумот гирифта, дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаи ___________

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

← Баргашт ба фанҳо