Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол
Макомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ. Вазорати адлия. САХШ. Идораи нотариалӣ. Прокуратура.
Хонандагон бояд оид ба самти фаъолияти мақомоти адлия, САХШ, идораи нотариалӣ ва прокуратура маълумот дошта бошанд ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
Мувофиқи «Низомномаи Вазорати адлияи ҶТ» (тасдиқи Ҳукумати ҶТ аз 28 декабри соли 2006) Вазорати адлия мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, сиёсати давлатро дар соҳаи танзими меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғиби ҳуқуқ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ва дигар соҳаҳои адлия таъмин менамояд.
Вазифаҳои асосии Вазорати адлия: иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, танзими давлатии фаъолияти мақомоти нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ташкили фаъолияти адвокатҳои ваколатдор, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ғайра.
Сохтори Вазорати адлия: раёсатҳои адлияи ВМКБ, вилояти Суғд ва Хатлон, идораҳои давлатии нотариалӣ, Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, раёсати корҳои ислоҳӣ.
САХШ (Сабти акти ҳолати шаҳрвандӣ): таваллуд, акди никоҳ, бекор кардани акди никоҳ, фарзандхонӣ, муқаррар кардани падарӣ, иваз намудани ном, номи падар ва насаб, вафот. Ҳамаи ин амалҳо тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» (29 апрели соли 2006) анҷом дода мешаванд.
Идораи нотариалӣ: ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлат. Амалиётҳои нотариалӣ: тасдиқи аҳдҳо, шартномаҳо, васиятномаҳо, ваколатномаҳо, додани шаҳодатномаҳо оид ба ҳуқуқ ба мерос, тасдиқи ҳаққонияти нусхаҳои ҳуҷҷатҳо, тасдиқи дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатҳо, навишта додани номаҳои иҷроия ва ғайра.
Прокуратура: мақоми ягонаи марказонидашуда, ки волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд. Роҳбари он Прокурори генералӣ аст. Фаъолияташро Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти прокуратураи ҶТ» (25 июли соли 2005) ба танзим медарорад.
Назорати прокурорӣ: санҷиши иҷрои қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва ғайра. Прокурорҳо 4 навъи санад қабул мекунанд: эътироз, пешниҳод, қарор, амр.
Низоми прокуратура: Прокуратураи генералӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёт, шаҳру ноҳияҳо, прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо ва прокуратураи назорат дар муассисаҳои ислоҳӣ.
Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ оид ба самти фаъолияти мақомоти прокуратура, САХШ, идораи нотариалӣ маълумот гирифтанд ва дониши худро баланд бардоштанд.
Хондани саҳифаи ___________
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.
ОМУЗГОР: ЗАБИРОВ С.
Дида шуд: Муовини директор
________________
← Баргашт ба фанҳо