⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол

МАВЗУЪ

Ҳуқуқу ӯҳдадориҳо.

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд оид ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, мафҳум ва моҳияти онҳо маълумот дошта бошанд.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Ҳуқуқи моликият чист?
  2. Се ваколати асосии ҳуқуқи моликиятро номбар намоед.
  3. Моликияти хусусӣ ва моликияти давлатӣ чӣ фарқ доранд?
  4. Шартнома чист ва чанд навъи шартнома вуҷуд дорад?
  5. Тағйир додан ва қатъ кардани шартнома чӣ тавр сурат мегирад?

МАВЗУЪИ НАВ

Дар байни муносибатҳои молумулкие, ки иштирокчии онҳо шаҳрвандон ва ташкилотҳо мебошанд, муносибатҳои ҷамъиятӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд, ки доир ба супоридани молу мулк, иҷрои кор, расонидани хизмат, додани пул ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Муносибатҳои граждании дар асоси расонидани зарар ё доро шудани беасос низ ба вуҷуд меоянд.

Ҳамаи ин муносибатҳо дар шакли ӯҳдадорӣ ба вуҷуд омада, предмети омӯзиши ҳуқуқи ӯҳдадорӣ мебошанд.

Мувофиқи ӯҳдадорӣ як шахс (қарздор) ӯҳдадор аст, ки ба фоидаи шахси дигар (кредитор) амали муайянеро анҷом диҳад, чунончи молу мулкро супорад, корро иҷро кунад, пул диҳад ва монанд ё гузорад ё аз иҷрои амалиёти муайян худдорӣ кунад.

Иштирокчиёни ӯҳдадориҳо: қарздор ва кредитор.

Қарздор — тарафест, ки амали муайянро содир менамояд ё аз содир намудани амали муайян худдорӣ мекунад.

Кредитор — тарафест, ки ҳуқуқ дорад содир намудани амали муайянро талаб намояд.

Он ӯҳдадориҳое, ки дар асоси шартнома ба вуҷуд меоянд, ӯҳдадориҳои шартномавӣ номида мешаванд.

Ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи зараррасони ба вуҷуд меоянд, ду тараф доранд. Якеро кредитор ва дигареро қарздор меноманд. Ба сифати кредитор зарардида ва ба сифати қарздор зараррасонанда баромад менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки иҷрои ӯҳдадориҳо аз ду аломати муҳим — амал ва мувофиқ омадан ба ӯҳдадориҳо, ки дар қонун ва шартнома ифода ёфтааст, иборат мебошад.

Ҳамин тавр, содир намудани амалҳоеро иҷрои ӯҳдадориҳо меноманд, ки аз ӯҳдадориҳои мувофиқи қонун ва шартномаҳои ба зимма гирифтаи иштирокчиёни он ба миён меоянд.

Иҷрои ӯҳдадориҳо ба воситаи ноустуворона, гарав, нигоҳ доштани молу мулки қарздор, замонат, кафолат, байъона ва дигар тарзҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома таъмин карда мешавад.

Ноустуворона (ҷарима, пеня) — маблағе мебошад, ки тибқи қонун ё шартнома муайян гардидааст ва қарздор вазифадор аст, ҳангоми иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро намудани ӯҳдадорӣ (аз ҷумла дар ҳолати гузаштани муҳлат) онро ба кредитор диҳад.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Уҳдадорӣ чист?

  1. Таркиби ӯҳдадорӣ
  2. Моҳияти ӯҳдадорӣ

Гарав — моли муайяне мебошад, ки талаботи кредитор аз ҳисоби он ҳангоми иҷро намудани ӯҳдадорӣ қонеъ гардонида мешавад.

Замонат — дар асоси шартнома ба тасвиб расонида шуда, тибқи он зомин ӯҳдадор мешавад, ки дар назди кредитори дигар шахс барои пурра ё қисман иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои вай ҷавобгар бошад.

Кафолат — дар асоси кафолат бонк ё дигар ташкилоти кредитӣ бо хоҳиши шахси дигар ӯҳдадории хаттӣ медиҳад, ки дар сурати иҷро накардани ӯҳдадории шартномавӣ аз ҷониби қарздор ба кредитор маблағи муайянро медиҳад.

Байъона — маблағе мебошад, ки як тарафи шартнома аз ҳисоби маблағи аз тарафи вай пардохтшаванда ба тарафи дигари шартнома барои исботи бастани шартнома ва таъмини иҷрои он ба ҳисоби тарафи дигар мегузаронад.

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Уҳдадорӣ чист?
  2. Мазмуни ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи зараррасони ба вуҷуд меоянд, шарҳ диҳед.
  3. Ноустуворона чист?
  4. Ҳолатҳои қатъи ӯҳдадориҳоро номбар намоед.
  5. Шартнома дар кадом маврид тағйир ё қатъ гардонида мешаванд.

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ оид ба ҳуқуқи ӯҳдадориҳо, мафҳум ва моҳияти онҳо маълумот гирифта, доир ба ӯҳдадориҳо ва самтҳои ӯҳдадорӣ дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаҳои 19–26.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

ОМУЗГОР: ЗАБИРОВ С.

Дида шуд: Муовини директор

← Баргашт ба фанҳо