⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол

МАВЗУЪ

Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонуни мазкур.

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд оид ба аҳамияти қонуни мазкур, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботҳои он ва мақсади муайян кардани вақту соатҳои гузаронидани ҷашну маросимҳо маълумот дошта бошанд.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Зарурияти қабули қонуни мазкур дар чист?
  2. Қонуни мазкур аз чанд боб ва модда иборат аст?
  3. Ҷашн чист?

МАВЗУЪИ НАВ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи қонунро вайрон мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҷавобгарӣ мувофиқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, сархати чоруми моддаи 23 Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар қонунҳои соҳавии мақомоти давлатӣ татбиқ мешавад.

Ҷавобгарӣ асосан 2 намуд муайян шудааст:

  1. Ҷарима.
  2. Аз кор озод намудан.

Ҷарима барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 3 навъ муайян шудааст:

Мақсади пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботҳои қонуни мазкур ва баланд бардоштани миқдори ҷарима барои шахсони мансабдор аз 250 то 500, барои шахсони ҳуқуқӣ аз 500 то 700 нишондиҳанда муайян карда шудааст. Барои шахсони мансабдор ҷавобгарии интизомӣ (яъне аз кор озод намудан) пешбинӣ шудааст.

Тибқи қисми 2 моддаи 15 Қонун аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботҳои қонун аз мансаб озод карда мешаванд.

Ҳамзамон тибқи тағйиру иловаҳои нав ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим ҷавобгарӣ муқаррар карда шуд, ки мувофиқи санксияи қисми 3 он ба шахсони воқеӣ — ба андозаи 600, шахсони мансабдор — ба андозаи 800, ба шахсони ҳуқуқӣ — 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Қонуни мазкур ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани он:

  1. Гурӯҳи якум: маълумоти мухтасар оид ба қонун
  2. Гурӯҳи дуюм: моддаҳои қонуни мазкур
  3. Гурӯҳи сеюм: ҷашнҳои расмӣ ва идҳои расмӣ; тартиби гузаронидани зодрӯз, хатнасур, туйи домодию арусӣ, маросими дафну азодорӣ, маросими ҳаҷ

Тибқи қонун тую маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то 22, дар шаҳраку деҳот дар рӯзҳои истироҳат (аз 1 апрел то 31 октябр) аз соати 6 то 22, (аз 1 ноябр то 31 март) аз соати 8 то 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тую маъракаҳо то 3 соат муқаррар карда шудааст.

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Мақсади муайян намудани вақту соатҳои гузаронидани маъракаҳо чист?
  2. Мақсади пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботҳои қонуни мазкур чист?
  3. Мафҳуми нишондиҳандаҳо чист?
  4. Шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор кӣ ҳастанд?

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ оид ба мафҳум ва мақсади қонуни мазкур, мақсади ҷавобгарӣ ва вақту соатҳои гузаронидани ҷашну маросимҳо маълумот гирифтанд ва донишу ҷаҳонбинии худро баланд бардоштанд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаи 259.

Омӯзгор: Забиров С.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

← Баргашт ба фанҳо