⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол

МАВЗУЪ

Конуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак». Аҳамият ва мақсади қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак».

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд оид ба аҳамияти қонуни мазкур маълумот дошта бошанд ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии худро дар самти таълиму тарбия васеъ намоянд.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Зарурияти қабули қонуни мазкур дар чист?
  2. Қонуни мазкур аз чанд боб ва модда иборат аст?
  3. Анъана чист?
  4. Ҷашн чист?

МАВЗУЪИ НАВ

Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.

Қонуни мазкур аз 7 боб ва 24 модда иборат буда, 20 июни соли 2024 қабул шудааст.

Моддаҳои асосӣ:

  1. Мафҳумҳои асосӣ
  2. Доираи амали қонуни мазкур
  3. Қонунгузории ҶТ дар масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак
  4. Принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак
  5. Сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак
  6. Ҷалби аҳли ҷомеа барои таълиму тарбияи кӯдак
  7. Мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд
  8. Салоҳияти Ҳукумати ҶТ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак
  9. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
  10. Мақомоти дигар, ки дар амалӣсозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак иштирок мекунанд
  11. Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак
  12. Вазифаҳои комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак
  13. Баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар
  14. Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак
  15. Ӯҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак
  16. Ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи кӯдак
  17. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд
  18. Ҳуқуқҳои муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак
  19. Ӯҳдадориҳои муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак
  20. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои омӯзгор
  21. Пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак
  22. Чораҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак
  23. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур
  24. Дар бораи аз эътибор сокит донистанаи қонуни пештара

Шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд: васӣ, парастор, фарзандхондагон, шахсоне, ки дар асоси шартнома кӯдақеро тарбия мекунанд, намояндагони қонунии онҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки кӯдак дар таълиму тарбияи онҳо қарор дорад.

Васоят — барои ноболиғони то синни 14-сола.

Парасторӣ — барои ноболиғони аз 14 то 18 сола муқаррар карда мешавад.

Фарзандхонӣ — нафароне мебошанд, ки бо мақсади таълиму тарбия кӯдакро ба фарзандӣ қабул мекунанд. Фарзандхонӣ аз тарафи суд расмӣ карда мешавад.

Таълим — раванди фаъолияти муштараки падару модар, омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи шахсият, истеъдод, малака ва қобилияти фикрӣ ва ҷисмонии кӯдак мебошад.

Тарбия — раванди мақсадноки ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ мебошад.

Тарбияи фарзанд ба гурӯҳи ҳуқуқ ва ӯҳдадории конститутсионии ҳар як падару модар мансуб аст (қисми 2 моддаи 34 Конститутсияи ҶТ). Тибқи банди 1 моддаи 18 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак таълиму тарбияи фарзанд вазифаи муштараки падару модар мебошад.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак:

  1. Гурӯҳи якум: Мафҳумҳо, принсипҳо ва сиёсати давлатӣ (моддаҳои 1–6)
  2. Гурӯҳи дуюм: Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар ва шахсони ивазкунанда (моддаҳои 13–17)
  3. Гурӯҳи сеюм: Нақши муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва комиссияҳои ҷамъиятӣ (моддаҳои 18–22)
  4. Гурӯҳи чоруми: Ҷавобгарӣ ва чораҳои пешгирӣ (моддаҳои 21–23)

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Аҳамияти Конуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар чист?
  2. Таълим чист?
  3. Тарбия чист?
  4. Падару модар оид ба таълиму тарбияи фарзанд чӣ вазифа ва ҳуқуқҳо доранд?
  5. Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи кӣ мебошад?

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар рафти дарс ва баёни мавзӯъ оид ба аҳамияти қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», мафҳумҳои таълим ва тарбия, инчунин вазифа ва ҳуқуқҳои падару модарон, омӯзгорон, давлат ва ҷомеа дар самти таълиму тарбия фаҳмида, дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаи _______.

Омӯзгор: Забиров С.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

← Баргашт ба фанҳо