⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Синфи 9
Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол
МАВЗУЪ
Конуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак». Ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд.
САЛОҲИЯТҲО
Хонандагон бояд оид ба аҳамияти қонуни мазкур, ӯҳдадориҳои падару модар ва фарзанди қобили меҳнат дар нигоҳубини падару модар маълумот дошта бошанд ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии худро дар самти таълиму тарбия васеъ намоянд.
МАҚСАДИ ДАРС
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
МАВОДИ ТАЪЛИМӢ
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
РАВИШИ ДАРС
1. Лаҳзаи ташкили дарс:
- Аз назар гузаронидани ҳолати китобдорӣ ва дафтардории хонандагон.
- Ба ҳисоб гирифтани давомоти хонандагон.
- Ба дарс тайёр намудани синф.
ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ
- Аҳамияти Конуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи фарзанд» дар чист?
- Таълим чист?
- Тарбия чист?
- Падару модар оид ба таълиму тарбияи фарзанд чӣ вазифа ва ҳуқуқҳо доранд?
- Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи кӣ мебошад?
МАВЗУЪИ НАВ
Ӯҳдадориҳо, ки дар моддаҳои 15 (таълим) ва 16 (тарбия) пешбинӣ шудаанд, хусусияти пешгирӣ ва дар баъзе мавридҳо тавсиявӣ доранд.
Ӯҳдадориҳои падару модар нисбат ба фарзанд:
- Тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоштан.
- Пас аз таваллуд фарзандро ҳатман аз қайди сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронидан.
- Барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанди худ ғамхорӣ намудан.
- Фарзандонро ба ҳаёти мустақилона ва меҳнати софдилона омода намудан.
- Фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намудан.
- Бе роҳбаладии шахси болиғ гаштугузори фарзанди то синни 6-сола дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ намудан.
- Ба фарзанди хурдсоли то 6-сола барои гирифтани донишҳои аввалия шароит фароҳам овардан.
- Ба таълим фаро гирифтани фарзандонро таъмин намуда, ба таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашудан.
- Шаъну шарафи фарзандонро эҳтиром карда, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо роҳ надодан.
- Донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълиму тарбия назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълиму тарбияи фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намудан.
- Дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурияти муассисаи таълимӣ ҳатман иштирок намудан.
- Дар вақти шабона ҳузури фарзанди ноболиғро дар муассисаҳои дилхушкунанда, марказҳои компютерӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ намудан.
- Ба фарзандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, дар ҷараёни таълим истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намудан.
- Ба фарзандони ноболиғ тамошои филмҳои ғайриахлоқӣ, фаҳш ва хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ дошта манъ намудан.
Ӯҳдадориҳои фарзанди қобили меҳнат дар нигоҳубини падару модар (моддаи 17 қонун):
Фарзанди қобили меҳнат — шахси воқеӣ, ки ба синни 18-сола расидааст. Ӯ бояд падару модари худро бо маблағ, маводи ғизоӣ, воситаҳои санитарию гигиенӣ, либос, пойафзол ва дигар ашёи аввалия таъмин намояд. Дастгирии моддӣ дастгирии маънавиро истисно намекунад, зеро аз ин амали фарзанд падару модар руҳан шод мегарданд.
ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ
Ӯҳдадориҳои падару модар ва фарзанд дар таълиму тарбия:
- Гурӯҳи якум: Ӯҳдадориҳои падару модар дар таълим (моддаи 15)
- Гурӯҳи дуюм: Ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбия (моддаи 16)
- Гурӯҳи сеюм: Ӯҳдадориҳои фарзанди қобили меҳнат нисбат ба падару модар (моддаи 17)
- Гурӯҳи чоруми: Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо
МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)
- Чиро ӯҳдадорӣ мегуянд?
- Ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд кадомҳо мебошанд?
- Фарзанди ба болиғат расида дар назди падару модар чӣ ӯҳдадориҳо дорад?
- Дар сурати саркашӣ аз ӯҳдадориҳо фарзанди қобили меҳнат ба чӣ ҷавобгарӣ кашида мешавад?
АРЗЁБӢ
Хонандагон дар рафти баёни мавзӯъ оид ба масъалаҳои таълим ва тарбия, ӯҳдадориҳои падару модар дар ин самт, ӯҳдадориҳои фарзанди қобили меҳнат нисбат ба нигоҳубини волидайн ва дигар масъалаҳои рочеъ дар самти қонуни мазкурро аз худ намуда, дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.
ВАЗИФАИ ХОНАГӢ
Хондани саҳифаи 272.
Омӯзгор: Забиров С.
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.
Дида шуд: Муовини директор
________________
← Баргашт ба фанҳо