⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол

МАВЗУЪ

Конуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак». Ӯҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд.

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд оид ба аҳамияти қонун, ӯҳдадориҳои падару модар, омӯзгор ва мақомотҳои давлатӣ, инчунин оид ба ҷавобгарӣ барои иҷро накардани талаботҳои қонун маълумот дошта бошанд ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии худро дар самти таълиму тарбия васеъ намоянд.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Чиро ӯҳдадорӣ мегуянд?
  2. Ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд кадомҳо мебошанд?
  3. Фарзанди ба болиғат расида дар назди падару модар чӣ ӯҳдадориҳо дорад?
  4. Дар сурати саркашӣ аз ӯҳдадориҳо фарзанди қобили меҳнат ба чӣ ҷавобгарӣ кашида мешавад?

МАВЗУЪИ НАВ

Дар асоси қонун масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (аз тарафи Президенти ҶТ муайян карда мешавад), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, кумитаҳо ва шуъбаҳо оид ба корҳои дин, шуъбаи кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои соҳавӣ танзим карда мешаванд.

Тибқи моддаи 20 Қонун ӯҳдадориҳои 2 гурӯҳ субъектҳо муайян карда мешаванд: ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ва ӯҳдадориҳои омӯзгор.

Ӯҳдадориҳои омӯзгор (қисми 2 моддаи 20) мутобиқи қонунгузории ҶТ дар соҳаи маориф муқаррар карда мешаванд. Мувофиқи моддаи 41 Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» кормандони соҳаи омӯзгорӣ вазифадоранд:

Ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак, ба амали номатлуб даст задани ӯ ё ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таҳдид мекунанд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд мақомоти дахлдори давлатиро огоҳ созанд (моддаи 21 қонун).

Аз тарбия дур мондан — ин фориғболӣ ва бемасъулиятии падару модар ва шахсони ивазкунанда нисбат ба кӯдакон мебошад. Ба амалҳои номатлуб даст задани кӯдак рафтори зиддиҷамъиятӣ (муомилаи дағалона, халалдор кардани оромӣ, рафтори зиддиахлоқӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, воситаҳои нашъадор, тамоку ва ғайра) ҳисоб мешавад.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Ӯҳдадориҳои субъектҳо дар таълиму тарбияи кӯдак:

  1. Гурӯҳи якум: Ӯҳдадориҳои мақомотҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ
  2. Гурӯҳи дуюм: Ӯҳдадориҳои муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳавӣ
  3. Гурӯҳи сеюм: Ӯҳдадориҳои омӯзгор (моддаи 20)
  4. Гурӯҳи чоруми: Пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва огоҳсозӣ (моддаҳои 21–22)

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Ӯҳдадориҳои падару модар кадомҳо мебошанд?
  2. Ӯҳдадориҳои омӯзгор кадомҳо мебошанд?
  3. Ӯҳдадориҳои мақомотҳои давлатӣ кадомҳо мебошанд?
  4. Мафҳуми матни моддаи 20-и қонунро шарҳ диҳед.

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар рафти баёни мавзӯъ оид ба масъалаҳои таълим ва тарбия, ӯҳдадориҳои падару модар дар ин самт, ӯҳдадориҳои омӯзгор, мақомотҳои давлатӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани талаботҳои қонунро аз худ намуда, дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаи 286.

Омӯзгор: Забиров С.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

← Баргашт ба фанҳо