⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол

МАВЗУЪ

Конуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак». Ҷавобгарӣ барои иҷро накардани ӯҳдадориҳо дар таълиму тарбияи кӯдак.

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд оид ба аҳамияти қонун, ӯҳдадориҳои падару модар, омӯзгор ва мақомотҳои давлатӣ, инчунин оид ба ҷавобгарӣ барои иҷро накардани талаботҳои қонун маълумот дошта бошанд ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии худро дар самти таълиму тарбия васеъ намоянд.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Ӯҳдадориҳои падару модар кадомҳо мебошанд?
  2. Ӯҳдадориҳои омӯзгор кадомҳо мебошанд?
  3. Ӯҳдадориҳои мақомотҳои давлатӣ кадомҳо мебошанд?
  4. Мафҳуми матни моддаи 20-и қонунро шарҳ диҳед.

МАВЗУЪИ НАВ

Қонун чораҳои пешгирикунандаро барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модар пешбинӣ менамояд. Тибқи он падару модаре, ки вобаста ба вазъи саломатӣ ва моддии худ наметавонанд ӯҳдадориҳои худро оид ба таълиму тарбияи фарзанд қисман ё пурра иҷро намоянд, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба табобат фаро гирифта ва бо кор таъмин карда мешаванд (моддаи 22).

Қонуни мазкур масъулияти 3 гурӯҳи шахсонро доир ба таълиму тарбияи фарзанд муайян мекунад:

  1. Падару модар
  2. Шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд
  3. Омӯзгор

Ҷавобгарии онҳо ҳангоми иҷро накардан ва ба таври номатлуб иҷро намудани ӯҳдадориҳо, ки боиси вайрон намудани талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ мегардад, таҳти маҷбурияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Қонунгузории амалкунанда барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи фарзанд ҷавобгарии граждании, маъмурӣ ва ҷиноятиро пешбинӣ кардааст.

Ҷавобгарии граждании: ба зиммаи падар ё модаре, ки ӯҳдадориҳои худро оид ба таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардааст ё ба таври дахлдор иҷро накардааст, ҷуброни зарари моддӣ гузошта мешавад ё аз ҳуқуқи падариву модари маҳрум карда мешавад.

Ҷавобгарии маъмурӣ: ҳангоми аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, инчунин шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, иҷро накардани ӯҳдадориҳои парастории тарбиявӣ-таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон татбиқ карда мешавад. Шахсони гунаҳгор бо огоҳӣ ё ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда мешаванд (моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ).

Ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбат ба падару модар: барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумӣ (9-сола) ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ менамояд. Тибқи он ба ҳар тарзе монеъ шудан (аз ҷумла бо роҳи иҷозат надодан, фиреб ё таҳдид) барои гирифтани маълумоти ҳатмии умумӣ аз ҷониби шахси воқеӣ манъ мебошад. Дар ҳолати монеъ шудан ба таҳсил шахси мамониаткунанда бо ҷарима ба андозаи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо дода мешавад.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Ҷавобгарӣ дар таълиму тарбияи кӯдак:

  1. Гурӯҳи якум: Ҷавобгарии падару модар ва шахсони ивазкунанда
  2. Гурӯҳи дуюм: Ҷавобгарии омӯзгор ва муассисаҳои таълимӣ
  3. Гурӯҳи сеюм: Ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ (моддаҳои 90 ва Кодекси ҷиноятӣ)
  4. Гурӯҳи чоруми: Чораҳои пешгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Қонун ҷавобгариро ба иҷро накардани талаботҳо ва ӯҳдадориҳо ба чанд гурӯҳ ҷудо ва муайян намудааст?
  2. Дар кадом ҳолат падару модар ва шахсони ивазкунанда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд?
  3. Ӯҳдадориҳои падару модар кадомҳо мебошанд?
  4. Ӯҳдадориҳои омӯзгор кадомҳо мебошанд?
  5. Ӯҳдадориҳои мақомотҳои давлатӣ кадомҳо мебошанд?
  6. Мафҳуми матни моддаи 20-и қонунро шарҳ диҳед.

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар рафти баёни мавзӯъ оид ба масъалаҳои таълим ва тарбия, ӯҳдадориҳои падару модар дар ин самт, ӯҳдадориҳои омӯзгор, мақомотҳои давлатӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани талаботҳои қонунро аз худ намуда, дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаи 286.

Омӯзгор: Забиров С.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

← Баргашт ба фанҳо