⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол

МАВЗУЪ

Мафҳум, сарчашма ва принсипҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ.

ОМОДАГИ БА ДАРС

Китоби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби дарсӣ, тахтаи синф.

ШАКЛИ ДАРС

Нақл, саволу ҷавоб, санҷиши ҷаҳонбинии хонандагон.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Уҳдадорӣ чист?
  2. Мазмуни ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи зараррасони ба вуҷуд меоянд, шарҳ диҳед.
  3. Ноустуворона чист?
  4. Ҳолатҳои қатъи ӯҳдадориҳоро номбар намоед.
  5. Шартнома дар кадом маврид тағйир ё қатъ гардонида мешаванд.

МАВЗУЪИ НАВ

Соҳибкорӣ яке аз шаклҳои фаъолияти инсон буда, қисми таркибии фаъолияти иқтисодӣ мебошад. Он дар ҳаёти ҳозираи иқтисодиву иҷтимоӣ зуҳуроти беназир, мустақил ва бисёрҷанба мебошад.

Ҳуқуқи соҳибкорӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқи комплекси аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои соҳибкорӣ ва муносибатҳои дигари ба он алоқаманд, инчунин муносибатҳо вобаста ба танзими давлатии онҳоро ба тартиб медарорад.

Мафҳуми қонунии фаъолияти соҳибкорӣ дар қисми 3-и моддаи 1-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Мувофиқи он соҳибкорӣ фаъолияти мустақил ва бо таваккали худ амалшавандаи шахсоне мебошад, ки ба чунин сифат бо тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифта шудаанд ва барои мунтазам ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк, фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат равона карда шудааст.

Фаъолияти соҳибкорӣ дорои чунин аломатҳо мебошад:

  1. Мустақилияти соҳибкор.
  2. Таваккали соҳибкор.
  3. Мунтазам ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк, фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат.
  4. Фаъолият кардани шахсоне, ки ба сифати соҳибкор ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳуқуқи соҳибкорӣ муносибатҳоеро ба танзим медарорад, ки бо муносибатҳои соҳибкорӣ зич алоқаманд мебошанд. Ин муносибатҳо доир ба ташкил ва қатъ кардани фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, гирифтани иҷозатнома, сертификатҳо, гузаронидани экспертизаи экологӣ ва ғайра ба вуҷуд меоянд.

Муносибатҳои соҳибкорӣ дар асоси принсипҳои муайян ба танзим дароварда мешаванд. Ба сифати принсипҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ асосҳои аввалини ҳуқуқии ба танзим даровардани фаъолияти соҳибкорӣ амал менамоянд.

Принсипҳои озодии фаъолияти соҳибкорӣ:

  1. Баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешавад.
  2. Озодии рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ.
  3. Ба даст овардани фоида ҳамчун мақсади фаъолияти соҳибкорӣ.
  4. Танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ.
  5. Мувофиқати манфиатҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ.

Фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ сарчашмаҳои ҳуқуқи соҳибкорӣро ташкил менамоянд. Мухимтарини онҳо: Конститутсияи ҶТ, Кодекси граждании ҶТ, Кодекси андоз, Кодекси мурофиавии иқтисодӣ, Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол», Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифз ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҶТ», Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ» ва ғайраҳо мебошанд.

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Аломатҳои фаъолияти соҳибкориро номбар ва маънидод намоед.
  2. Фаъолияти соҳибкорӣ чист?
  3. Ки соҳибкор шуда метавонад?
  4. Аломати дуюми фаъолияти соҳибкорӣ — таваккал мебошад: мафҳуми таваккал дар ин самт чиро ифода менамояд?
  5. Принсипҳои ҳуқуқи соҳибкориро номбар намоед.
  6. Сарчашмаҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ кадомҳоанд?

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ оид ба мафҳум, сарчашмаҳо ва принсипҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ маълумот гирифта, дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаҳои 23–26.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

«___»_____________ соли 2025.

← Баргашт ба фанҳо