⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол

МАВЗУЪ

Субъектҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ. Мафҳум ва навъҳои Биржа. Танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ.

ОМОДАГИ БА ДАРС

Китоби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби дарсӣ, тахтаи синф.

ШАКЛИ ДАРС

Нақл, саволу ҷавоб, санҷиши ҷаҳонбинии хонандагон.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Аломатҳои фаъолияти соҳибкориро номбар ва маънидод намоед.
  2. Фаъолияти соҳибкорӣ чист?
  3. Ки соҳибкор шуда метавонад?
  4. Аломати дуюми фаъолияти соҳибкорӣ таваккал мебошад: мафҳуми таваккал дар ин самт чиро ифода менамояд?
  5. Принсипҳои ҳуқуқи соҳибкориро номбар намоед.
  6. Сарчашмаҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ кадомҳоанд?

МАВЗУЪИ НАВ

Субъектҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ дар амалгардонӣ ва танзими фаъолияти соҳибкорӣ дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳо мебошанд. Онҳо дар муносибатҳои соҳибкорӣ мустақилона аз номи худ фаъолият менамоянд.

Барои шахсро ҳамчун субъекти фаъолияти соҳибкорӣ эътироф намудан шарту шароити зерин нихоят муҳим мебошанд: аввалан аҳдҳо, ки соҳибкорон мебанданд, бо фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд буда, ҳамчун аҳдҳои соҳибкорӣ (тиҷоратӣ) дониста мешаванд.

Бояд қайд кард, ки на ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд соҳибкор бошанд. Ҳамзамон қонун ҳуқуқи бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани баъзе шаҳрвандонро маҳдуд менамояд. Чунин маҳдудият пеш аз ҳама ба он шаҳрвандони ҶТ тааллуқ дорад, ки вазифаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ (моддаи 50 Конститутсия), аъзои Ҳукумат (моддаи 73 Конститутсия), судяҳо ва ғайраро иҷро менамоянд.

Кодекси граждании ҶТ шахсони ҳуқуқиро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунад:

  1. Ташкилотҳои тиҷоратӣ.
  2. Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ.

Ба гурӯҳи дигар субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ субъектҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ (муассисаҳои давлатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ширкатҳои марказии гурӯҳҳои молиявию саноатӣ, мақомоти идоракунии иттиҳодияҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайра) дохил мешаванд.

Тибқи моддаи 28 Кодекси граждании ҶТ шаҳрванде, ки ба синни 16-солагии расидааст, метавонад дар асоси қарори мақомоти васоят ва парасторӣ, бо ризояти падару модар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад. Дар ҳолати мавҷуд набудани чунин ризоят ин масъала ба тарзи судӣ ҳал карда мешавад (инро эмансипатсия меноманд).

Шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома машғул шуда метавонанд.

Биржа — бозорест, ки дар он савдои яклухти мол аз рӯйи намунаю стандартҳо ё шартнома оид ба минбаъд фиристодани мол, инчунин қоғазҳои қиматнок, асъор ва филизоти нодир бо нархҳое, ки дар асоси талабот ва таклифот муқаррар карда шудааст, анҷом дода мешавад.

Биржаҳо вобаста ба хусусияти танзими ҳуқуқӣ ба 2 гурӯҳ: умумӣ (оммавӣ) ва хусусӣ ҷудо мешаванд.

Биржаҳо вобаста ба моли биржавӣ: моли, фондӣ ва асъорӣ мешаванд.

Зарурияти танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар он ифода меёбад, ки дар ҷараёни он манфиатҳои хусусии соҳибкорон ва манфиатҳои умумиҷамъиятӣ ба ҳам мебароянд. Танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ мустақим ва ғайримустақим шуданаш мумкин аст.

Танзими мустақими фаъолияти соҳибкорӣ дар мавриди бақайдгирии давлатӣ, гирифтани иҷозатнома оид ба навъҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтани сертификат дар ҳолати сертификатсияи ҳатмии маҳсулот (мол, хизмат) ва ғайра истифода бурда мешавад.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Субъектҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ ва биржа:

  1. Шахсони воқеӣ (патент ва шаҳодатнома)
  2. Шахсони ҳуқуқӣ (тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ)
  3. Маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ барои баъзе вазифаҳо (вакилон, аъзои Ҳукумат, судяҳо)
  4. Навъҳои биржа (молӣ, фондӣ, асъорӣ)
  5. Танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ (мустақим ва ғайримустақим)

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ киҳо дохил мешаванд?
  2. Ҳуқуқи киҳо аз ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ тибқи қонун маҳдуд карда шудаанд?
  3. Шахсони ҳуқуқӣ ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?
  4. Патент ва шаҳодатнома чист?
  5. Биржа чист ва чанд хел мешаванд?
  6. Қонуни ҶТ «Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ» кай қабул карда шудааст?
  7. Муфлисшавӣ ва нишонаҳои онро гӯед.

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ оид ба субъектҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ, мафҳум ва навъҳои биржа, инчунин танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ маълумот гирифта, дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаҳои 26–34.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

«___»_____________ соли 2025.

← Баргашт ба фанҳо