⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Синфи 9
Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол
МАВЗУЪ
Қатъи фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ. Ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон.
САЛОҲИЯТҲО
Хонандагон бояд оид ба қатъи фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон маълумот дошта бошанд.
МАҚСАДИ ДАРС
Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.
МАВОДИ ТАЪЛИМӢ
Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.
РАВИШИ ДАРС
1. Лаҳзаи ташкили дарс:
- Аз назар гузаронидани ҳолати китобдорӣ ва дафтардории хонандагон.
- Ба ҳисоб гирифтани давомоти хонандагон.
- Ба дарс тайёр намудани синф.
ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ
- Ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ киҳо дохил мешаванд?
- Ҳуқуқи киҳо аз ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ тибқи қонун маҳдуд карда шудаанд?
- Шахсони ҳуқуқӣ ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?
- Патент ва шаҳодатнома чист?
- Биржа чист ва чанд хел мешаванд?
- Қонуни ҶТ «Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ» кай қабул карда шудааст?
- Муфлисшавӣ ва нишонаҳои онро гӯед.
МАВЗУЪИ НАВ
Барҳамдиҳӣ (қатъи фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ) буда, дар ин маврид ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ба дигар субъектҳо намегузаранд. Асосҳои ҳуқуқии барҳам додани ташкилотҳои тиҷоратӣ ва фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ дар Кодекси граждании ҶТ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ» зикр карда шудаанд. Барҳамдиҳӣ ихтиёрӣ ва маҷбурӣ мешавад.
Субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳолатҳои зерин ихтиёран барҳам дода мешаванд:
- Бо қарори муассисон (иштирокчиён) ё мақомоти шахси ҳуқуқӣ, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ чунин ваколат дорад.
- Дар ҳолати гузаштани муҳлате, ки шахси ҳуқуқӣ ба ҳамин муҳлат таъсис дода шуда буд.
- Баъди ноил шудан ба мақсадҳое, ки шахси ҳуқуқӣ таъсис дода шуда буд (сархати якуми қисми 2 моддаи 62 Кодекси граждании ҶТ).
Мувофиқи моддаи 62 Кодекси граждании ҶТ суд метавонад субъектҳои фаъолияти соҳибкориро дар мавридҳои зерин барҳам диҳад:
- Ҳангоми таъсиси субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ роҳ додан ба вайронкунии дағалонаи қонун, агар чунин вайронкунӣ хусусияти ислоҳнопазир дошта бошад.
- Бе иҷозатномаи дахлдор машғул шудан бо фаъолият ё машғул шудан бо фаъолияти манъкардаи қонун.
- Амали намудани фаъолияти вайронкунии чандинкарата ва дағалонаи қонунгузорӣ.
- Аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва фондҳои ҷамъиятӣ мунтазам амали намудани фаъолияте, ки бо мақсади оинномавии онҳо мухолиф мебошад.
- Дар ҳолати муфлисшавӣ.
- Ҳангоми бозхости иҷозатнома, ки амали намудани амалиёти дар иҷозатнома пешбинишуда навъи ягонаи фаъолияти иҷозатдодашуда мебошад.
Соҳибкорӣ яке аз шаклҳои амали намудани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд мебошад. Бинобар ин вазифаи асосии давлат аз ҳаматарафа ҳавасманд ва таъмин кардани кафолати рушди соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон иборат мебошад.
Дар моддаи 12 Кодекси граждании ҶТ тарзҳои ҳифзи ҳуқуқҳои гражданин номбар карда шудаанд, ки ҳамаи онҳо соҳаи фаъолияти соҳибкориро фаро мегиранд.
Вобаста ба хусусияти ҳуқуқии соҳибкорон ва хусусияти фаъолияти ташкилии онҳо шаклҳои ҳифзи ҳуқуқро ба судӣ ва ғайрисудӣ ҷудо мешаванд.
Макомоти судӣ:
- Суди конститутсионии ҶТ.
- Суди иқтисодӣ.
- Суди умумӣ.
Шакли ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкорон:
- Ҳифзи нотариалӣ.
- Мурофиаи ҳакамӣ.
- Ҳалли баҳсҳо то суд.
ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ
Қатъи фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқ:
- Барҳамдиҳии ихтиёрӣ (қарори муассисон, муҳлат, мақсад)
- Барҳамдиҳии маҷбурӣ (қарори суд, муфлисшавӣ, вайронкунии қонун)
- Шаклҳои судии ҳифз (суди конститутсионӣ, иқтисодӣ, умумӣ)
- Шаклҳои ғайрисудӣ (нотариалӣ, ҳакамӣ, ҳалли баҳсҳо то суд)
МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)
- Муфлисшавӣ ва нишонаҳои онро номбар намоед.
- Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон маълумот диҳед.
- Шаклҳои судии ҳифзи ҳуқуқи соҳибкоронро гӯед.
- Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ» кай қабул шудааст?
АРЗЁБӢ
Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ доир ба шакл ва усулҳои қатъ гаштани фаъолияти соҳибкорӣ маълумот гирифта, дар ин самт дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.
ВАЗИФАИ ХОНАГӢ
Хондани саҳифаҳои 35–41.
Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.
Дида шуд: Муовини директор
________________
← Баргашт ба фанҳо