⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол

МАВЗУЪ

Предмет, принсип ва сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ. Ҳуқуқи буҷетӣ.

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд оид ба предмет, принсип ва сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи буҷетӣ маълумот дошта бошанд.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Муфлисшавӣ ва нишонаҳои онро номбар намоед.
  2. Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон маълумот диҳед.
  3. Шаклҳои судии ҳифзи ҳуқуқи соҳибкоронро гӯед.

МАВЗУЪИ НАВ

Молия ҳамчун қисми таркибии ҳама гуна низоми иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷониби давлатҳо, сарфи назар аз сохти иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсии онҳо ба таври мушаххас ҳамчун предмети ба танзим даровардани ҳуқуқ қарор дода шудааст. Калимаи «молия» хеле барвақт пайдо шудааст ва бо вуҷуди доштани тобишҳои гуногуни маъноӣ дар давраҳои гуногун маънои пардохти пулӣ, маблағҳои пулӣро ифода менамуд.

Молияи мамлакат ба молияи давлатӣ (оммавӣ) ва молияи хусусӣ (ғайридавлатӣ) ҷудо мешавад. Молияи давлатӣ (оммавӣ) маблағҳои пулӣ дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ қарордошта мебошанд. Молияи хусусӣ (ғайридавлатӣ) маблағҳои пулӣ ба ташкилотҳои хусусӣ, кооперативӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин ба шахсони алоҳида тааллуқдошта дохил мешаванд.

Фарқи молияи давлатӣ аз ғайридавлатӣ дар он аст, ки молияи давлатӣ талаботи ҷомеа (маориф, фарҳанг, таъминоти иҷтимоӣ, идоракунӣ, мудофиа) ва ғайраро қонеъ мегардонад, аммо мақсади соҳибмулкони молияи хусусӣ ба даст овардани фоида мебошад.

Фаъолияти молиявии давлат аз тарафи Президент, Парламент, Ҳукумат, Вазорати молия, Бонки миллӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар ҷараёни ҷамъ овардан, тақсим кардан ва истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии давлатӣ бо мақсади амалӣ намудани вазифа ва функсияҳои давлат ба танзим медарорад.

Ҳуқуқи молиявӣ на танҳо предмет, балки методи ба танзим даровардани ҳуқуқии худро дорад. Методи асосии ҳуқуқи молиявӣ ин методи навиштаҷоти ҳатмӣ мебошад, ки тибқи он як тарафи муносибатҳои ҳуқуқӣ ба тарафи дигар супоришҳои ҳатмиро новобаста ба иҷрои он ҳавасманд будан ё набуданаш медиҳад.

Сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ: Конститутсияи ҶТ, Кодекси андоз, Қонуни ҶТ «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ.

Мувофиқи банди 2 моддаи 2 Қонуни ҶТ «Дар бораи молияи давлатии ҶТ» аз 28 июни соли 2011 № 723, буҷети давлатӣ фонди асосии маблағҳои пулӣ, шакли ташаккул ва хароҷоти маблағҳои пулӣ мақомоти давлатии ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва фонди мақсадноки ҶТ мебошад.

Ҳамин тавр буҷет ба се маъно — моддӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Буҷети давлатӣ аз қисмҳои даромад ва хароҷот иборат мебошад. Қисми даромадҳо аз андозу ғайриандоз, грантҳо ва воридоти маблағҳои беподош иборат аст. Қисми хароҷот вобаста ба аҳамияти иқтисодӣ ба хароҷоти ҷорӣ ва хароҷоти асосӣ ҷудо мешавад.

Давраи буҷетӣ кариб дуним сол давом мекунад ва аз таҳияи буҷет то тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои онро дар бар мегирад. Давраи буҷетӣ ба марҳалаҳои зерин ҷудо мешавад:

  1. Таҳияи лоиҳаи буҷет.
  2. Барраси ва тасдиқи лоиҳаи буҷет.
  3. Иҷрои буҷет.
  4. Таҳия, барраси ва тасдиқи ҳисобот доир ба иҷрои буҷет.

Баробари ба охир расидани соли буҷетӣ (аз 1 январ то 31 декабр) ба ивази як буҷет буҷети дигар меояд ва ин ҷараён ҳар сол аз сари нав оғоз меёбад.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Ҳуқуқи молиявӣ ва буҷет:

  1. Молияи давлатӣ ва молияи хусусӣ
  2. Предмет ва методи ҳуқуқи молиявӣ
  3. Сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ
  4. Буҷети давлатӣ (даромадҳо ва хароҷотҳо)
  5. Давраи буҷетӣ ва марҳалаҳои он

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Молияи давлатӣ чи маъно дорад?
  2. Ҳуқуқи молиявӣ чист?
  3. Чараёни буҷет чист?
  4. Принсипҳои ҳуқуқи молиявиро номбар кунед (принсипи қонуният, нақшавӣ будан, ошкоро будан, мустақилияти фаъолияти молиявии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷавобгарии мутакобилаи давлат ва шаҳрванд).
  5. Доир ба фаъолияти молиявии давлат маълумот диҳед.

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ доир ба предмет, принсип ва сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи буҷетӣ маълумот гирифта, дар ин самт дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаҳои 42–49.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

← Баргашт ба фанҳо