⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол

МАВЗУЪ

Мафҳум, принсип ва сарчашмаҳои ҳуқуқи андоз. Муносибатҳои ҳуқуқии андоз. Ҷавобгарии андозсупорандагон.

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд оид ба мафҳум, принсип ва сарчашмаҳои ҳуқуқи андоз, муносибатҳои ҳуқуқии андоз маълумот дошта бошанд.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Молияи давлатӣ чи маъно дорад?
  2. Ҳуқуқи молиявӣ чист?
  3. Чараёни буҷет чист?
  4. Принсипҳои ҳуқуқи молиявиро номбар кунед (принсипи қонуният, нақшавӣ будан, ошкоро будан, мустақилияти фаъолияти молиявии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷавобгарии мутакобилаи давлат ва шаҳрванд дар соҳаи фаъолияти молиявӣ принсипҳои муҳимтарини он мебошанд).
  5. Доир ба фаъолияти молиявии давлат маълумот диҳед.

МАВЗУЪИ НАВ

Мутобиқи моддаи 45-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани андоз ва пардохтҳое, ки қонун муайян намудааст, вазифаи ҳар як шахс мебошад. Ҳуқуқи андоз яке аз зерсоҳаҳои ҳуқуқи молиявӣ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба муқаррар кардан ва рӯёнидани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ ба танзим медарорад.

Андоз сарчашмаи муҳими даромади давлатӣ ба шумор меравад. Барои ҳамин додани андоз ӯҳдадории ҳар кас дар назди давлат аст, зеро андоз ба буҷети давлатӣ пардохта мешавад.

Навъҳои андозҳо чунинанд: андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ.

Андозҳои умумидавлатӣ:

  1. Андоз аз даромад.
  2. Андоз аз фоида.
  3. Андоз аз арзиши иловашуда.
  4. Аксизҳо.
  5. Андози иҷтимоӣ.
  6. Андозҳо барои захираҳои табиӣ.
  7. Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард.
  8. Андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия.

Андозҳои маҳаллӣ:

  1. Андоз аз воситаҳои нақлиёт.
  2. Андозҳо аз молу мулки ғайриманқул.

Андозҳо дорои функсияҳои муайян мебошанд:

  1. Функсияи хазинавӣ (фискалӣ).
  2. Функсияи тақсимотӣ (иҷтимоӣ).
  3. Функсияи танзимнамоӣ.
  4. Функсияи ҳавасманднамоӣ.
  5. Функсияи назоратӣ.

Функсияи фискалӣ функсияе мебошад, ки ба воситаи он захираҳои молиявии давлат ташкил карда мешавад.

Ҳуқуқи андоз дорои чунин принсипҳо мебошад:

  1. Умуми будани андозсупорӣ.
  2. Асоснокии иқтисодии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ.
  3. Муайян будани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ.
  4. Асоси конститутсионӣ доштани андозситонӣ.
  5. Якхела будани андозситонӣ ва қонунан муқаррар гардидани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ.

Мақомоти андоз ҳамчун иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқии андоз дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муайян мебошанд. Аз ҷумла онҳо ҳуқуқ доранд назорати андозро амалӣ намоянд ва тибқи Кодекси андоз ҳаҷми ӯҳдадории андозро ҳисоб намоянд.

МУСТАҲКАМКУНӢ (АНГЕЗИШИ ЗЕҲН)

  1. Кодекси андози ҶТ кай қабул карда шудааст? — 17 сентябри соли 2012.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» кай қабул карда шудааст? — 28 июли соли 2006.
  3. Муносибатҳои андоз аз чӣ иборат аст? — субъект, объект ва мазмуни он.
  4. Барои вайрон кардани қонунгузории андоз ба кадом намуди ҷавобгарӣ кашида мешавад? — маъмурӣ, ҷиноятӣ, интизомӣ ва граждании.
  5. Андоз чист?
  6. Функсияҳои андоз кадомҳо мебошанд?
  7. Навъҳои андозро номбар кунед.
  8. Ӯҳдадориҳои андозсупорандагонро номбар намоед.

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ доир ба мафҳум, принсип ва сарчашмаҳои ҳуқуқи андоз, муносибатҳои ҳуқуқии андоз маълумот гирифта, дар ин самт дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаҳои 50–57.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

← Баргашт ба фанҳо