⚖️ АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Синфи 9

Барои рӯзҳои «__________» ____ 2025 сол

МАВЗУЪ

Мафҳуми оила ва ҳуқуқи оилавӣ. Конститутсияи ҶТ оид ба ҳифзи давлатии оила.

САЛОҲИЯТҲО

Хонандагон бояд оид ба мафҳуми оила ва ҳуқуқи оилавӣ, Конститутсияи ҶТ оид ба ҳифзи давлатии оила маълумот дошта бошанд.

МАҚСАДИ ДАРС

Ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти мавзӯъ ва васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нисбат ба ин мавзӯъ.

МАВОДИ ТАЪЛИМӢ

Китоби дарсӣ, китоби Конститутсия ва дигар маводҳо.

РАВИШИ ДАРС

1. Лаҳзаи ташкили дарс:

ПУРСИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

  1. Муносибатҳои андоз аз чӣ иборат аст? — субъект, объект ва мазмуни он.
  2. Барои вайрон кардани қонунгузории андоз ба кадом намуди ҷавобгарӣ кашида мешавад? — маъмурӣ, ҷиноятӣ, интизомӣ ва граждании.
  3. Андоз чист?
  4. Функсияҳои андоз кадомҳо мебошанд?
  5. Навъҳои андозро номбар кунед.
  6. Ӯҳдадориҳои андозсупорандагонро номбар намоед.

МАВЗУЪИ НАВ

Пайдоиши оила, чунонки олимони ҳафриётшинос ва мардумшинос исбот кардаанд, таърихи 10–12 ҳазорсоларо дар бар мегирад. Дар асрҳои 17–18 дар давраи авҷи ташаккули сохти сармоядорӣ таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба оила ҳамчун ниҳоди мустақили иҷтимоӣ хеле зиёд шуд. То ибтидои асри 20 ҳамсарон дар оила ҳуқуқи баробар надоштанд, танҳо шавҳар соҳибихтиёри корҳои оила ва ягона соҳибмулки амволи он ба шумор мерафт. Танҳо баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон аз нигоҳи илми ҳуқуқ никоҳ ҳамчун шартномаи шаҳрвандони баробарҳуқуқ баррасӣ гардид.

Оила ба маънои ҳуқуқӣ ҳамчун иттифоқи шахсоне фаҳмида мешавад, ки онҳо бо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аз муносибатҳои никоҳӣ, хешу таборӣ, ба тарбияи оила гирифтани кӯдак, фарзандхонӣ ва монанди инҳо пайдошаванда пайванд мебошанд.

Вазифаҳои асосии оила:

  1. Ба вуҷуд овардани насли солим.
  2. Тарбия.
  3. Хоҷагидорӣ (иқтисодӣ).
  4. Маънавӣ.

Ҳуқуқи оилавӣ бошад, ҳамчун соҳаи ҳуқуқ намуди муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ – муносибатҳои ҳуқуқии оилавиро ба танзим медарорад, ки онҳо вобаста ба далели бастани ақди никоҳ, таваллуди фарзанд, фарзандхонӣ ва дигар муносибатҳои хешу таборӣ ба миён меоянд.

Дар баробари ин ҳуқуқи конститутсионӣ асосҳои конститутсионии ҳуқуқи оиларо муқаррар менамояд. Аз ҷумла баробарҳуқуқии мард ва зан (моддаи 17), дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ (моддаи 23), озодона бастани ақди никоҳ, доштани ҳуқуқҳои баробар дар муносибатҳои оиладорӣ ва бекор намудани ақди никоҳ, манъ будани бисёрникоҳӣ (моддаи 33), таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доштани модар ва кӯдак (моддаи 34) ва монанди инҳоро муқаррар менамояд.

Субъектҳои ҳуқуқи оилавӣ танҳо шаҳрвандоне ба шумор мераванд, ки доираи онҳоро қонун муайян кардааст (ҳамсарон, падару модарон, фарзандон, фарзандхондагон, парасторону васиён ва ғайра).

Дар қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсия зикр мешавад: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд».

Бо мақсади иштироки зан дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат Фармони Президенти ҶТ аз 3 декабри соли 1999 № 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» интишор гардид.

Кодекси оилаи ҶТ ки 13 ноябри соли 1998 қабул шудааст, меъёрҳо ва институтҳои наве ворид карда шуданд, ки аҳдномаи никоҳ, созишномаи пардохти алимент, афзалият доштани ҳуқуқи кӯдак дар оила, муоинаи тиббии никоҳшавандагонро номбар кардан мумкин аст.

Ҳамин тариқ қонунгузории оилаву никоҳ дар партави Конститутсияи ҶТ мунтазам инкишоф ёфта, ба он равона шудааст, ки ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти шахсии шаҳрвандон, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ низ аз нигоҳи ҳуқуқ ба нафъи рушди солими ҷомеа танзим карда шаванд.

ТАШКИЛИ КОРИ ГУРӮҲӣ

Мафҳуми оила ва ҳуқуқи оилавӣ:

  1. Пайдоиши оила ва таърихи он
  2. Вазифаҳои асосии оила
  3. Ҳуқуқи оилавӣ ва асосҳои конститутсионӣ
  4. Моддаҳои 17, 23, 33 ва 34-и Конститутсияи ҶТ
  5. Кодекси оилаи ҶТ ва меъёрҳои нави он

МУСТАҲКАМКУНӢ

  1. Пайдоиши оила ба кадом давраҳои таърихӣ мансуб мебошад?
  2. Вазифаҳои асосии оиларо номбар кунед.
  3. Ҳуқуқи оилавӣ чӣ гуна соҳаи ҳуқуқ мебошад?
  4. Мафҳуми моддаҳои 17, 23, 33 ва 34-и Конститутсияи ҶТ-ро шарҳ диҳед.
  5. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар кай қабул шудааст? — соли 1948.
  6. Эъломияи ҳуқуқи кӯдак кай қабул шудааст? — соли 1959.
  7. Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак кай қабул шудааст? — соли 1989.

АРЗЁБӢ

Хонандагон дар ҷараёни дарс ва баёни мавзӯъ доир ба мафҳуми оила ва ҳуқуқи оилавӣ, Конститутсияи ҶТ оид ба ҳифзи давлатии оила маълумот гирифта, дар ин самт дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ

Хондани саҳифаҳои 58–66.

Эълони баҳо ва баҳогузорӣ ба хонандагон.

Дида шуд: Муовини директор

________________

← Баргашт ба фанҳо