Вазифаҳо

4. Вазифаҳои хизматии муовини директор оид ба корҳои тарбия

4.1 Муовини директор оид ба корҳои тарбия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва Оинномаи муассисаи таълимӣ, фармоишҳо ва супоришҳои директори муассисаи таълимӣ оид ба масъалаҳои тарбия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маорифро ба роҳбарӣ мегирад.

4.2 Муовини директор оид ба корҳои тарбия аз ҳисоби омӯзгорони дорои таҳсилоти олии тахассусӣ ва таҷрибаи педагогӣ ва собиқаи на кам аз 5 сол дошта бо пешниҳоди дирекгори муассисаи таълимӣ аз тарафи мудири шуъбаи маориф ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мещавад.

4.3 Муовини директор оид ба корҳои тарбия Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро риоя намуда, дар интихобу ҷобаҷогузории роҳбарони синфҳо иштирок мекунад.

4.4 Дар бораи такмилу ташакқули раванди таълиму тарбия таклифу дархостҳои худро пешниҳод мекунад ва дар ташкили кори Шӯрои педагогӣ саҳм мегирад.

4.5 Ҷадвали дарсҳои тарбиявиро тартиб дода, иҷрои онро назорат ва таъмин менамояд.

4.6 Муовини директор оид ба корҳои тарбия назорати истифода бурдани журналҳои синфӣ ва рӯзномаҳои хонандагони муассисаи таълимиро таъмин намуда, дар банақшагирии ҷорӣ ва дурнамои раванди тарбия иштирок МекунаД.

4.7 Дарсҳои тарбия ва дигар намуди машғулиятҳои тарбявии муассисаи таълимиро мавриди мушоҳида, омӯзиш ва таҳлил қарор дода, натиҷаҳои онро ба маълумоти директор ва омӯзгорон мерасонад.

4.8 Давомоти хонандагонро мунтазам зери назорат гирифта, иҷрои риояи ҳуқуқ ва вазифаҳои хонандагонро, ки Оинномаи муассисаи таълимӣ муқаррар намудааст, зери назорат қарор медиҳад.

4.9 Омодагӣ ва иштироки хонандагонро дар чорабиниҳои беруназмуассисаи таълимӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, умумиҷумҳуриявӣ ташкил ва таъмин мекунад.

4.10 Барои рафтори ношоям, вайрон кардани ҷараёни таълиму тарбия, аз рӯйи тартиботе, ки Оинномаи муассисаи таълимӣ муқаррар кардааст, хонандагонро ба ҷавобгарии маъмурӣ пешниҳод менамояд.

4.11 Иштироки роҳбарони синфро дар конферен- сияҳо, семинарҳои гуногун, курсҳои такмили ихтисос таъмин менамояд.

4.12 Корро бо мутахасисони ҷавон ташкил карда, ба онҳо кумаки методӣ мерасонад.

4.14 Корҳои тарбиявиро бо хонандагони душвор- тарбия, қонуншикан, кӯдакони ятиму бепарасгор ва аз оилаҳои камбизоат, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ (беруназсинфӣ)-ро ташкил намуда, иҷрои саривақтии онҳоро таъмин менамояд.

4.15 Роҷеъ ба ташкил ва таъмини таҳсилоти иловагии хонандагон, ташкили тамоюли касбии онҳо, ҳифзи саломатии шогирдон, таъмини корҳои варзиширо ба низом медарорад ва назорат мекунад.

4.16 Дар соатҳои синфӣ (тарбия), чорабиниҳои беруназсинфӣ иштирок карда, шаклу мазмуни онҳоро мавриди омӯзиш ва тахдил қарор дода, барои самаранокии онҳо маслиҳат медиҳад.

4.17 Чорабиниҳои тарбиявиро барои ҳар як соли таҳсил мустақилона ба нақша гирифта, ба директори муассисаи таълимӣ оид ба иҷрои онҳо дар давоми 5 рӯз ҳисоботи хатгӣ пешниҳод мекунад.

4.18 Барои роҳбарони синфҳо, мудири китобхона, раиси созмонҳои хонандагон, роҳбари иггиҳодияи методии роҳбарони синф оид ба корҳои тарбия семинарҳои илмию амалӣ ва дастурдиҳӣ ташкил менамояд.

4.19 Самтҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумхурии Тоҷикисгонро дар муассиса зери назорат қарор дода, амалӣ менамояд.

4.20 Фаъолияти созмонҳои хонандагон, Шӯрои духтарон ва маҳфилҳоро ба роҳбарӣ мегирад.

4.21 Иҷрои «Дастури одоби салом барои хонандагон”-ро дар се зинаи таҳсилот: синфҳои ибтидоӣ, асосӣ, миёнаи умумӣ таъмин мекунад ва назорат мебарад.

4.22 Чорабиниҳои муассисаи таълимиро дар самти саломатию бехдошти хонандагои ташкил ва назорат мебарад.

4.23 Журналҳои синфӣ ва рӯзиомаҳои хонандагонро дар самти одобу ахлоқ назорат намуда, оид ба ислоҳи камбудии онҳо ба омӯзгорон ва падару модарон маслиҳатҳо медиҳад.

4.24 Итгиҳодияҳои методии роҳбарони синфҳоро назорат ва роҳбарӣ мекунад.

4.25 Ҷадвали гузаронидани маҷлисҳои падару модаронро тартиб дода, иҷрои онро назорат мекунад.

4.26 Дар давраи рухсатӣ ва ё мувакқатан корношоям будани муовини директор оид ба корҳои тарбия вазифаҳои хизматии вай ба зиммаи яке аз муаллимоии таҷрибадор гузошта метпавад. Иҷрои вазифаҳои мувакқагӣ дар ин гун мавридҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ оид ба меҳнат сурат мегирад.